Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко

13.10.2015 12:49, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон  бо  Александр  Лукашенко, ки такроран Президенти Ҷумҳурии  Беларус   интихоб шуд, суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Александр Лукашенкоро бори дигар ба муносибати пирӯзии боэътимодаш дар интихоботи президентии Ҷумҳурии Белорус   самимона табрику таҳният гуфта, аз нав ба ин мақоми олӣ интихоб шудани ӯро нишонаи боварию эътимоди қавии мардуми кишвараш ба сиёсати пешгирифтаи ӯ маънӣ дод.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки ин хабарро бо шодмонӣ дарёфт ва изҳори бовар намуд, ки ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Белорус ба нафъи ду мардуми дӯсту бародар минбаъд беш аз пеш рушду густариш меёбад.

Сарони ду давлат ҳамчунин доир ба роҳҳои татбиқи амалии нақшаю барномаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Белорус ва атрофи дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судбахш анҷом доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520