Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сафари корӣ ба вилоят Суғд

18.10.2015 08:09, ноҳияи Айнӣ

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва мусоидат ба беҳдошти шароити иҷтимоии аҳолӣ ба вилоят Суғд сафар кард.

Сафари кории Сарвари давлат дар вилоят аз 18-ум то 21 - уми октябр ҷараён гирифта, дар давоми он Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Панҷакент, Ғончӣ, Истравшан, Қайроққум, Бобоҷон Ғафуров ва Хуҷанд иншооти таъиноти гуногуни хоҷагии халқро ифтитоҳ карда, бо вазъи корҳои саҳроӣ, ободонию созандагӣ шинос шуда, бо сокинону фаъолони вилоят суҳбату мулоқотҳои судманд доир менамояд.

Ифтитоҳи маҷмааи таърихӣ-фарҳангии Нақибхон Туғрал, Қасри фарҳанг дар ноҳияи Айнӣ, ифтитоҳи роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент дар ноҳияҳои Айнию Панҷакент, ба фаъолият оғоз кардани зеристгоҳи барқӣ, ба истифода додани хатти баландшиддати неруи барқ дар шаҳри Қайроққум, кушодани корхонаҳои заршӯию маъдантозакунӣ дар шаҳри Панҷакент, шиносоӣ бо корҳои саҳроӣ дар Панҷакент, оғози корҳои обёрии заминҳои обию лалмӣ ва истифодаи биноҳои истиқоматӣ барои афсарони қушунҳои сарҳадӣ дар ноҳияи Ғончӣ, оғози корҳои сохтмонӣ дар шаҳраки навбунёди Баҳористон дар Истаравшан ва дигар тадбирҳои созандагӣ аз барномаи асосии сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти  Суғд мебошад.

Ҳадаф аз татбиқи ҳамаи ин чорабиниҳо таъмини зиндагии осоиштаю сазовори мардуми кишвар мебошад, ки аз сиёсати неку бобарори роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат сарчашма мегирад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520