Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози корҳои обёрӣ дар ноҳияи Ғончӣ

19.10.2015 13:15, ноҳияи Деваштич

19 - уми октябр, сафари кории Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ғончӣ идома ёфт.

Дар даромадгоҳи ноҳия сокинон Пешвои миллатро бо нишони возеҳи пуштибонӣ аз сиёсати бунёдкорӣ ва созандагӣ самимона истиқбол гирифтанд.

Дар ноҳияи Ғончӣ Президенти мамлакат нахуст ба корҳои обёрикунии 12 ҳазор гектар заминҳои лалмӣ ва чарогоҳ оғоз бахшид.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки Лоиҳа аз тарафи филиали корхонаи воҳиди давлатии институти лоиҳакашии «Тоҷикгипроводхоз» омода гардидааст.

Татбиқи навбати аввали он бо маблағгузории 15 миллион сомонӣ аз буҷаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Ғончӣ соли 2016 оғоз мегардад.

Дар ду марҳила ҳамагӣ ба маблағи 67 миллион сомонӣ 12 ҳазор гектар заминҳои корами лалмӣ ва чарогоҳи ҷамоати деҳоти Ростровут, Ваҳдат, Муҷун, Яхтан, Ғазантарак ва шаҳраки Ғончии ноҳияи Ғончӣ обёрӣ карда шуда, аҳолии шаҳраки деҳоти Ғончӣ, Даҳқат, Хишекат, Қалъаи Дӯст, Қалъаи Мирзобой, Чӯянчӣ, Нуробод, дар маҷмуъ 110 ҳазор нафар бо оби нӯшокии хушсифат таъмин карда мешаванд. Бо татбиқи ин лоиҳа дар ин ҷо 12 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин хоханд шуд.

То охири соли 2016 бошад, 5800 гектар заминҳои лалмӣ ва чарогоҳи хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия бо оби кишоварзӣ таъмин карда мешаванд.

Лоиҳа бо усули обёрии худҷорӣ амалӣ гардида, бе истифодаи қувваи барқ ба масофаи умумии 31 км, аз он дар марҳилаи аввал 10,8 км бо қубурҳои қутраш 1200 ва 750 мм кашида мешавад.

Дар давраи зимистон бошад, оби аз Даҳкатсой гирифташуда ба обанбори Даҳансой партофта шуда, иқтидори лоиҳавии обҷамъкунӣ ва обнигаҳдории обанбор дар маҷмуъ 45 миллион мукаабро ташкил хоҳад дод.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо лоиҳа ба масъулини соҳа барои иҷрои пурсамари корҳо ва истифодаи оқилонаи обу замин дастуру ҳидоятҳо дод.

Ба андешаи Президенти мамлакат обёрии заминҳо ва ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани майдонҳои бекорхобида яке аз омилҳои асосии таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои сокинон мегардад. Аз ин рӯ, ин мақсад бояд аз мадди назар дур намонад.

Обёрии заминҳо ва истеҳсоли ҳарчи бештари маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ бошад, кишварро барои расидан ба ҳадафи стратегӣ - таъмини амнияти озуқаворӣ наздик месозад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520