Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи биноҳои дуошёнаи истиқоматӣ барои афсарон дар ноҳияи Ғончӣ

19.10.2015 13:17, ноҳияи Деваштич

Дар ноҳияи Ғончӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон инчунин дар фазои тантанавӣ ду бинои дуошёнаи истиқоматиро дар деҳаи Қалъачаи Азими ҷамоати деҳоти Ғазантараки ноҳияи Ғончӣ ба афсарони дидбонгоҳи сарҳадии рақами 2042 тақдим намуд.

Биноҳои истиқоматии дуошёна, ки бо тарҳу сохти замонавӣ қомат афрохтаанд, тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2013 аз ҷониби шӯъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд сохта шудааст.

Фармоишгар - Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ Ширкати сохтмонии “Каскад Хуҷанд” мебошад, ки корхои сохтмониро ҷавобгу ба талаботи замони муосир ба анҷом расонидааст.

Биноҳои истиқоматӣ бо маблағи 9,6 миллион сомонӣ бунёд ва ҷиҳозонида шудаанд.

Дар ин ҷо 24 оилаи афсарони қисми низомӣ, ки дар хифзи амнияти сарҳад ва сулҳу осоиштагии кишвар саҳмгузор ҳастанд, бо манзил таъмин гардиданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити зисти ин манзилҳо ба афсарони хуштолеъ ва оилаҳои онҳо калиди хонаҳоро супорид ва афсаронро ба хизмати софдилонаву содиқона ба халқу Ватан ва таъмини сулҳу суботи он даъват намуд.

Ба хотири таъмини шароити хуби зист баъди бунёди бино манзилҳои онро бо ашёи зарурии рӯзгор таъмин карданд.

Ҳамзамон дар қисми поёнии биноҳо толори варзишӣ бо лавозимоти зарурӣ, хонаи шустушӯи либос, мағозаи фурӯши маҳсулоти рӯзмарра ҷойгир карда шудааст.

Дар баробари ин барои беҳтар намудани таъмини оби нӯшокӣ дар назди хонаҳои истиқоматӣқитъаи замин ҷудо карда шуда, чоҳи амудии нав ва хавзи захирави ба истифода супорида шуд. Бинокорон аз 1,5 километр хатти оби нӯшокӣ кашидаанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520