Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ Иёд Амин Маданӣ

04.01.2016 17:15, Арабистони Саудӣ

Дар шаҳри Ҷидда Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ Иёд Амин Маданӣ мулоқот намуд.

​Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ шуд.

“Мо ҳамкорӣ ва робитаҳои ҳасана бо созмон ва кишварҳои аъзои онро яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии кишварамон медонем ва ояндаи онро нек арзёбӣ менамоем”, - изҳор дошт дар оғози суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Ҷонибҳо доир ба масоили гуногуни вобаста ба робитаҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ табодули назар карда, аз ҷумла аз вазъи ноором ва ҷангу ҷидолҳо дар Сурия, Ироқ, Яман, Фаластин, Афғонистон ва як зумра кишварҳои дигари мусулмонӣ изҳори нигаронӣ намуданд. Доман паҳн кардани терроризму ифротгароӣ, тезу тунд шудани ихтилофоти миёни мазҳабҳо ва дар ин замина афзоиш ёфтани исломситезӣ боиси ташвиши ҷиддӣ номида шуд.

Эмомалӣ Раҳмон аз манфиатдории Тоҷикистон ба ҳалли фарогири қазияи Афғонистон ёдовар шуда, бори дигар Созмони ҳамкории исломӣ ва кишварҳои аъзои онро ба мусоидати фаъол ба барқарорсозии сулҳу суботи пойдор дар ин кишвари азияткашида, аз ҷумла аз тариқи эҳёи иқтисодиёти он, даъват намуд.

Ҳарду ҷониб аз қабули "Нақшаи амали Созмони ҳамкории исломӣ оид ба ҳамкорӣ бо Осиёи Марказӣ" изҳори қаноат карда, дар чаҳорчӯби он баргузор шудани нахустин Анҷумани сармоягузорӣ  барои кишварҳои  ин минтақа дар шаҳри Душанберо “қадами хеле муҳим” номиданд.

Иёд Амин Маданӣ бо истифода аз фурсати муносиб бори дигар ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои дар сатҳи баланд гузаронидани Анҷумани ҳамкории иқтисодӣ, ки моҳи октябри соли 2014 ва зимни ҳамоиши вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ дар Тоҷикистон баргузор шуда буд, сидқан арзи сипос кард. 

Изҳори бовар карда шуд, ки тавсияву иқдомҳои дар ин анҷуман матраҳгардида дар нақшаҳои кории созмон барои оянда, аз ҷумла дар санади стратегии он - “Барномаи даҳсолаи амали СҲИ барои давраи то соли 2025”  ба назар гирифта мешаванд.

Иёд Амин Маданӣ иттилоъ дод, ки  ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ моҳи апрели соли 2016  дар Истамбул баргузор ҳоҳад шуд. Ӯ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро “шахсияти бузург миёни пешвоёни ислом ва дорандаи фикру андешаҳои амиқ” номида, аз ӯ даъват намуд, ки дар ин ҳамоиш иштирок намояд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520