Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози кишти пунбадона дар хоҷагии Абдураҳим Ҷумъаеви ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

26.03.2016 09:59, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Дар рӯзи чоруми сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Абдураҳим Ҷумъаеви ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба кишти пунбадона оғоз бахшид.

Тавре маълум гардид, хоҷагӣ дар ихтиёри худ 15 гектар замини обӣ дорад ва аҳли меҳнат дар он парвариши зироат ва сабзавоти гуногун, аз ҷумла пахта, сабзӣ, помидор, бодиринг, қаланфур ва карамро ба роҳ мондаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таҷрибаи деҳқонон, ки дар вақти кишт пунбадонаи лучшударо истифода мебаранд, баҳои арзанда дод. Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат ба масъулини соҳаи кишоварзӣ дастур дод, ки дар дигар хоҷагиҳои пахтакори кишвар аз ҳамин усул пурра истифода баранд. Тавре иттилоъ доданд, қаблан дар як гектар беш аз 100 килограмм пунбадона кишт карда мешуд, акнун баъди луч кардани тухмӣ имкон аст 30 килограмм тухмӣ истифода шавад. Ин пеш аз ҳама сарфаи маблағ ва як роҳи даромади иқтисодии хоҷагиҳо мегардад.

Дар маҷмуъ дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Абдураҳим Ҷумъаев дар масоҳати беш аз 13 ҳазор гектар инчунин ба боғутокпарварӣ, сабзавоткорӣ, зотпарварӣ ва тухмипарварӣ машғуланд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба коргарони хоҷагӣ барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ, истифодаи мақсадноки замину ҳавои мусоид, обёрии саривақтӣ, парвариши зироат дар гармхонаҳо, таъмини бозорҳои ноҳияву вилоят бо сабзавоти барвақтӣ дастуру ҳидоятҳо дод.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520