Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар интихоботи парлумонӣ

27.01.2005 11:00, шаҳри Душанбе

27 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади овоздиҳӣ ба қитъаи интихоботии № 16-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ омад. Ба андешаи Сарвари давлат шахсоне, ки минбаъд дар парламент фаъолият  хоҳанд кард ва аз номи халқи худ сухан хоҳанд ронд, бояд аз ҳама ҷиҳат намунаи  ибрат бошанд. Аз он ки чӣ гуна чеҳраҳо ба парламент ворид мешаванд, чигунагии авзои сиёсӣ дар мамлакат, сатҳи қонунгузорӣ ва пешрафти ислоҳот вобаста мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури намояндагони беш аз  60 ширкати хабаргузории дохилу хориҷ изҳор дошт, ки интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллӣ дар рӯҳияи боварибахши эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва озоду алтернативӣ мегузарад.

Сарвари давлат раванди омодагиро ба интихоботи навбатӣ қаноатбахш арзёбӣ кард.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520