Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати сеюм

17.03.2005 14:00, шаҳри Душанбе

17 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати сеюм иштирок ва суханронӣ намуд.

Иҷлосия таҳти раёсати  вакили кӯҳансоли Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонҷон  Ғаффоров ба кори худ оғоз кард.

Баъди тасдиқи рӯзномаи корӣ, интихоби котибот ва ҳайати комиссияи интихоботӣ мувофиқи талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ бо ҷонибдории аксарият Сайдулло Хайруллоев раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдумаҷид Достиев муовини аввал, Суҷоат Ҳасанова ва Убайдулло Давлатов муовинони Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  интихоб шуданд.

Вакилони мардумӣ, инчунин раисони Кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро интихоб намуданд.

Дар иҷлосия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, роҳбарият ва вакилони тозаинтихоби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо оғози фаъолияти  қонунгузорӣ шодбош гуфт ва изҳори умед кард, ки онҳо бо таҳияи  санадҳои муҳимми ҳуқуқӣ дар пешрафти  ҳаёти иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат нақши муассир хоҳанд гузошт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520