Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи тасаллият ба Муншии давлатии Ватикан Кардинал Анчело Содано

04.04.2005 13:00, шаҳри Душанбе

4 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Муншии давлатии Ватикан Кардинал Анчело Содано барқияи ҳамдардӣ фиристод, ки дар он гуфта мешавад:

"Мардуми тоҷик аз хабари вафоти Ускуфи Аъзами Рим Иоанн Павели дуюм сахт андӯҳгин гардид.

Ин ҷаҳонро шахсе тарк намуд, ки як марҳалаи  томи таърихи инсоният ба номи ӯ вобаста буд. Ҳаёт ва тамоми фаъолияти  Ускуфи Аъзам намунаи хизмати  фидокорона ва беғаразона ба ғояҳои олии сулҳ ва  инсондӯстӣ мебошад. Вай ҷидду ҷаҳд ва андешаҳои худро барои ваҳдати  тамоми  инсоният равона карда, дар сафи  одамони машҳуртарини ҷаҳон ҷой гирифт. Тамоми халқҳои сайёра ва пайравони ҳамаи дину мазҳабҳо хирад ва вафодории ӯро  ба вазифа ва ҳадафҳои худ сидқан эҳтиром мекунанд.

Дар ин рӯзҳои пур аз ғаму андуҳ ҳамдардии худро ба Маснади муқаддас ва тамоми сокинони сайёра баён менамоям".

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520