Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар машқҳои фаврии қисму воҳидҳои Гвардияи миллӣ ва Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатӣ

05.05.2005 14:00, шаҳри Турсунзода

5 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар пойгоҳи саҳроии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзеи Қаратоғ дар машқҳои фаврии қисму воҳидҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.

Мақсади гузаронидани машқҳои таълимӣ - мукаммалгардонии созгорӣ ё баҳамории амалиёти гурӯҳҳои фаврӣ дар иҷрои рафтор, бурдани ҷанг, мудофиа, ҳуҷуми ҷавобӣ ва таъқиби душман бобати ҳифзи сарҳад ва иншоотҳои муҳимми иқтисодию стратегии давлатӣ, мубориза бар зидди терроризм ва барҳам додани гурӯҳҳои  мусаллаҳонаи ғайриқонунӣ мебошад.

Баъди анҷоми машқҳои тактикӣ дар назди хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд.

Нахуст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ташкил ва гузаронидани машқҳои тактикӣ, ҷараёни баргузории бомуваффақияти он, истифодаи дурусти техникаи ҳарбӣ баҳои баланд дод.

Дар ин рӯз, инчунин бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба полковник Раҳмоналиев Раҷабалӣ - фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаи навбатии ҳарбии генерал-майори гвардия дода шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон афсарони Раёсати Гвардияи миллӣ ва хизматчиёни  қисму воҳидҳоро вазифадор намуд, ки бобати интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, риояи меъёрҳои оинномавӣ, интизоми ҳарбию хизматӣ талаботи қатъӣ ҷорӣ намуда, бобати тақвияти корҳои тарбиявӣ дар мавриди зарурати таҳкими минбаъдаи  амнияти давлатӣ, садоқат ба Ватан, риояи Конститутсия, ифтихор ва нангу номуси миллӣ тарбияи ватанпарастиро пурзӯр намоянд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520