Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар вохӯрӣ бо намояндагони ҷавонони мамлакат

21.05.2005 14:00, шаҳри Душанбе

Дӯстони ҷавон!
Бародарону хоҳарони азиз!

Аз мулоқоти охирини мо бо ҷавонон, ки соли 1998 баргузор гардида буд, ҳафт сол сипарӣ шуд. Дар ин муддат дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакатамон дигаргуниҳои бунёдӣ ба вуҷуд омада, мо дар аксарияти соҳаҳои зиндагӣ ба пешрафтҳои назаррас ноил гардидем.

Ҳамзамон фазои сиёсии ҷаҳон ва низоми муносибатҳои байналмилалӣ дучори таҳаввулоти ҷиддӣ гардида, имрӯз моро водор менамояд, ки нерӯи худро беш аз пеш ба ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизи хеш сафарбар намоем.

Инчунин дар раванди глобализатсияи проблемаҳои ҷаҳонӣ баланд бардоштани иқтидор ва нуфузу эътибори давлатамон аҳамияти хоса пайдо намудааст.

Маҳз бо дарназардошти омилҳои зикршуда мо тасмим гирифтем, ки дар доираи чорабиниҳои "Ҳафтаи ҷавонон" имрӯз бо шумо ҷараёни татбиқи сиёсати давлат доир ба ҷавонон, вазъи ҳаёт ва проблемаҳои мавҷуда, инчунин вазифаҳои навбатиро дар марҳилаи кунуниву ояндаи Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор диҳем.

Чунки дар рушду инкишофи ҳар давлат ва тақвияти мавқеи байналмилалии он ҷавонон ҳамчун нерӯи созанда ва пешбарандаи ҷомеа нақши бузург доранд.

Мо ба масъалаи ҷавонон барои он таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамоем, ки онҳо ояндаи миллату давлатанд ва ҳамзамон Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳои аҳолиаш ҷавон буда, синни миёнаи сокинони он 24 сол мебошад ва 35 фоизи аҳолиро ҷавонони синни аз 14 то 30-сола ташкил медиҳанд.

Бинобар ин, шумо бояд дар маҷмӯъ сиёсати давлатро доир ба тамоми соҳаҳо ҳамчун сиёсати давлатии ҷавонон қабул карда, дар татбиқи он такягоҳи асосӣ бошед. Ҳар як тадбире, ки дар мамлакат амалӣ карда мешавад, мақсад аз он пеш аз ҳама беҳбудии ҳаёти шумо - ҷавонон ва ба хотири ояндаи неки Тоҷикистон аст. Бо дарки амиқи ин рисолат шумо ҷавонони фаъоли мамлакат бояд ташаббус ва нерӯи созандаи худро беш аз пеш ба манфиати рушди миллат ва давлат равона сохта, кӯшиш намоед, ки дар ҷомеа мавқеи арзандаро соҳиб гардед, нерӯи эҷодиву илмӣ ва тафаккури созандаву бунёдкори худро пайваста густариш диҳед.

Дастовардҳои сиёсии солҳои охири Тоҷикистон, ки дар маҷмӯъ аз ваҳдати миллӣ ва муҳити солими сиёсӣ иборат буда, ҳамчун омили асосии ризоияти ҷомеа ва нишонаи маърифату фарҳанги баланди сиёсӣ арзёбӣ мегардад, ба пешрафту тараққиёти тамоми соҳаҳои ҳаёт такони ҷиддӣ бахшидааст.

Ман дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ дар бораи дурнамои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакатамон батафсил сухан ронда, баён доштам, ки мо ташаккулдиҳандагони фарҳанги нави граждании миллати тоҷик ҳастем.

Шумо - ҷавонони бонангу номуси миллати тоҷик офаранда ва созандаи ин фарҳанг мебошед.

Мо - насли калонсол кӯшиш мекунем, ки барои баланд бардоштани ҳисси ватанпарвариву худшиносии миллӣ, сатҳи маърифату донишандӯзӣ, рушду такомули маҳорату малакаи ҷавонон мусоидат карда, сиёсати давлатро вобаста ба масъалаҳои таҳсил, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, технологияи компютерӣ ва ихтисосу ҳунарҳои замонавӣ дар амал татбиқ намоем.

Зеро сатҳи тараққиёт ва эътибори байналмилалии кишвар аз он вобаста аст, ки ҷавонон то чӣ андоза дорои маърифати сиёсиву фарҳангӣ ва ихтисосу дониши муосир буда, ҳадафу вазифаҳои худро вобаста ба бунёди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ дарк менамоянд.

Имрӯз мо зина ба зина эъмори чунин давлатро, ки асоси онро волоияти қонун ва фаъолияти институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ташкил медиҳад, таъмин менамоем.

Мо ҳамеша дар ҷустуҷӯи усулҳои наву муфиди рушди устувори иқтисодиёт ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, мукаммал гардонидани сохтор ва идораи давлат мебошем.

Мақсади асосӣ аз ислоҳот, дигаргунсозиҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, идома додани бунёди иншоотҳои ҳаётан муҳим фароҳам овардани шароити муносиби зиндагӣ барои мардуми кишвар ва пешрафту ободии Ватан аст.

Ҳукумати Тоҷикистон барои таъмини тараққиёти устувори иқтисодӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ Барномаи рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015-ро қабул ва дар амал татбиқ менамояд, ки мутобиқи он соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат густариш меёбанд ва даромади воқеии аҳолӣ афзуда, дараҷаи зиндагии мардум тадриҷан беҳтар мегардад.

Бо мақсади таъмини истиқлолияти энергетикиву озуқаворӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистон мо ба ҳаллу фасли як қатор масъалаҳои моҳиятан муҳим, аз ҷумла суръатбахшии рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, эҳёи соҳаҳои саноат, энергетика, металлургияи ранга ва ба сохтмони кӯпрукҳо, туннелу роҳҳо шурӯъ намудем.

Дар асоси созишномаҳои дуҷониба солҳои наздик дар Тоҷикистон бо ҷалби беш аз 2 миллиард доллари амрикоӣ нерӯгоҳҳои барқи обии Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2, ҳамчунин нерӯгоҳи Роғун сохта шуда, соҳаҳои металлургияи ранга, саноати коркарди маъдан ва саноати сабук инкишоф дода мешаванд.

Мо мақсад дорем, ки дар навбати аввал сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-1-ро дар соли 2009-ум ба анҷом расонем. Бо бунёди нерӯгоҳи мазкур истиқлолияти энергетикии мамлакатамонро пурра таъмин месозем.

То охири соли ҷорӣ бошад бунёди нерӯгоҳи барқи обии "Помир-1" ба итмом расида, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон комилан бо қувваи барқ таъмин карда мешавад. Ҳамчунин то соли 2007-ум дар кишварамон боз 10 нерӯгоҳи хурди барқи обӣ сохта, ба истифода дода хоҳад шуд.

Барои фароҳам овардани робитаи доимии нақлиётӣ миёни тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ва эҳёи Роҳи бузурги абрешим, инчунин ҷиҳати бо роҳи кӯтоҳтарин баромадан ба бандарҳои обӣ сохтмони роҳҳои Душанбе - Кӯлоб - Хоруғ - Кулма - Қарақурум, Душанбе - Нуробод - Ҷиргатол - Саритош, туннелҳои Анзоб, Шаршар, корҳои лоиҳакашӣ ва бунёди панҷ кӯпрук дар болои дарёи Панҷ, ки кишвари моро бо Афғонистон мепайванданд, идома доранд.

Ҳадафи асосӣ аз ин нақшаҳои бузург гузоштани пойдевори мустаҳкам барои тараққиёти босуръати иқтисодиву иҷтимоӣ, беҳтар намудани шароити зисту зиндагӣ, меҳнату фароғат ва муҳити мусоиду арзанда барои ҷавонони азизи кишварамон мебошад.

Бунёди иншоотҳои зикршуда на танҳо аҳамияти бузурги иқтисодиву тиҷоратӣ дорад, балки ба таҳкими ваҳдати миллии мардуми тоҷик ва густариши муносибатҳои ҳамаҷониба бо кишварҳои ҳамсоя мусоидат менамоянд.

Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ, маъданҳои кӯҳӣ, сангҳои қиматбаҳо, ангишт, оби нӯшокӣ ва намак мебошад, ки барои дар оянда дар Осиёи Марказӣ мавқеи устувори иқтисодӣ пайдо намудан имконияти кофӣ дорад. Азхуд намудан ва истифодаи оқилонаи онҳо ба нерӯи созандаи ҷавонон вобаста аст.

Ҷавонон бояд дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ, аз ҷумла сохтмони иншоотҳои калони энергетикиву металлургияи ранга, ки имсол оғоз ёфтанд, иштирок намуда, ташаббускору навовар ва дар ҷустуҷӯи имконияту роҳу усулҳои нави тараққиёти ҳамаҷонибаи давлатамон бошанд.

Ҷавонон бояд ба омӯзишу такмили донишу малакаи худ диққати ҳамаҷониба диҳанд, чунки Тоҷикистон ба мутахассисони соҳибтаҳсилоту ташаббускоре ниёз дорад, ки мувофиқи талаботи иқтисоди бозорӣ вусъати рушди иқтисодию иҷтимоии кишварамонро таъмин менамоянд.

Ҳар як ҷавон бояд дар хусуси дар ҷомеа пайдо намудани мавқеи сазовори худ андеша карда, ба таври возеҳ дарк намояд, ки бо меҳнати ҳалол на танҳо зиндагии шоистаи худ, балки рушду ободии Ватани хешро таъмин месозад.

Дар Тоҷикистон бо мақсади фароҳам овардани муҳит ва шароити мусоид барои рушду камоли ҳамаҷонибаи ҷавонон ҳанӯз дар солҳои нахустини истиқлолият Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон" қабул гардида буд. Инчунин барои татбиқи самарабахши сиёсати давлатии ҷавонон Кумитаи кор бо ҷавонон, ки мақоми идоракунандаи давлатӣ аст, таъсис дода шуд.

Вобаста ба тақозои замон соли гузашта Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон" дар таҳрири нав қабул гардид, ки барои ҳалли масъалаҳои марбут ба ҷавонон заминаи боэътимод фароҳам овардааст.

Дар баробари ин, Ҳукумати Тоҷикистон Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон ва Барномаи миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2004-2006-ро қабул намудааст, ки барои татбиқи чорабиниҳои онҳо аз Буҷети давлатӣ маблағ ҷудо мегардад.

Бо вуҷуди татбиқи нақшаҳои барномавии давлатӣ ва тадбирҳое, ки Ҳукумат вобаста ба беҳбудии вазъи ҳуқуқиву иҷтимоии ҷавонон пайваста амалӣ месозад, ҳоло дар ҳаёти онҳо камбудиву норасоиҳои ҷиддӣ ба назар мерасанд.

Ҳанӯз на ҳамаи ҷавонон аз имкониятҳои ҳифзи иҷтимоӣ, соҳиби ихтисос ва шуғли мувофиқ шудан ба таври кофӣ бархурдоранд.

Барои соҳиби касб ва маърифати баланд шудани ҷавонон, рушди маънавию ҷисмонии онҳо, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва дастгирии оилаҳои ҷавон бояд вазоратҳои маориф, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, тандурустӣ, кумитаҳои кор бо ҷавонон, оид ба корҳои занон ва оила, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тадбирҳои мушаххас андешида, дар асоси онҳо ба беҳбудии ҳаёти ҷавонон мусоидат намоянд.

Сиёсати давлатии ҷавонон сиёсатест, ки татбиқи он аз сохторҳои гуногуни ҳукумативу ҷамъиятӣ фаъолияти муштаракро тақозо менамояд.

Аз ҷониби дигар масъалаҳои ҷавононро бо истифодаи нерӯи созандаи онҳо ба манфиати рушди давлату ҷомеа бо роҳи фароҳам овардани шароит ҷиҳати иштироки фаъолонаашон дар ҳаёти иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат метавон ҳаллу фасл кард.

Инкишофи маънавию ҷисмонии ҷавонон ва нерӯи солими онҳо барои давлату миллат омили муҳим аст.

Асоси тафаккури нави сиёсӣ ва фарҳангии ҷавононро ғояи таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, таъмини амнияти давлату миллат, ҳифзи тамомияти арзӣ ва манфиатҳои умумимиллӣ ташкил медиҳад.

Арзишҳои умумимиллӣ ва умумидавлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳифзи манфиатҳои кишвар бояд аз ҳама гуна манфиатҳои сиёсӣ, мазҳабӣ ва гурӯҳӣ боло бошад ва пойдевори тарбияи ватандӯстии ҷавононро фаро гирад.

Ҳифзи давлату миллат ва марзу буми кишвар пеш аз ҳама ба зиммаи шумо - ҷавонон вогузор аст. Шумо бояд Ватанро дар баробари модари худ дӯст доред, қадр кунед ва ҳифз намоед.

Ҷавонон муҳофизони боэътимоди Ватан, амнияти давлату миллат, сарчашмаи ташаббусҳо ва манбаи асосии кадрҳо ҳастанд. Онҳо дар дигаргунсозиҳои демокративу иқтисодии Тоҷикистон такягоҳи боэътимод ва ҷузъи ҷудонопазири муносибатҳои байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлат мебошанд.

Ҷавонон бояд аз фарҳанги сиёсӣ ва арзишҳое бархурдор бошанд, ки онҳоро барои ба манфиати ҷомеа ва давлати Тоҷикистон фаъолият намудан ҳидоят созанд.

Фаромӯш набояд кард, ки танҳо шахси воқеан ватандӯст метавонад дилсӯзона ва бо тамоми ҳастӣ ҳифзи амният ва ободии Ватани худро таъмин созад.

Барои таҳкими нерӯи мудофиавии кишвар, ҳифзи боэътимоди сарҳадоти давлатӣ мо на танҳо ба мутахассисони содиқи низомӣ, балки ба сарбозони бомаърифату соҳибфарҳанг, аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутобёфта ва аз сидқи дил хизмати ҳарбиро ихтиёркарда эҳтиёҷ дорем.

Ҷавононе, ки воқеан Ватани худро дӯст медоранд ва ободиву тараққиёти онро мехоҳанд, бояд аз дастовардҳои илму техникаи муосир, аз таҷрибаи ҷаҳонии пешбурди иқтисодиёт воқиф бошанд ва бо ташаббускории худ ба манфиати давлату миллати хеш кӯшишу талош намоянд.

Дар ин робита тарбияи ватандӯстӣ рукни асосии сиёсати давлатии ҷавонон мебошад.

Ҷараёни татбиқи Барномаи давлатӣ оид ба тарбияи ватандӯстии ҷавонони Тоҷикистон собит месозад, ки бояд дар ин самт усулҳои нави кор бо насли ҷавон ва тадбирҳои самарабахш таҳия ва амалӣ карда шаванд.

Барои он, ки дар замири ҷавонон ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихор аз давлатдории миллии хеш маскан дошта бошад, онҳо пеш аз ҳама бояд аз таърих ва фарҳанги куҳанбунёдамон бархурдор гарданд.

Ҳамчунин моҳияти истиқлолияти давлати худро ба хубӣ дарк карда, ба рамзҳои давлатӣ ва забони модарӣ ҳамчун муқаддасоти миллӣ эҳтиром дошта бошанд.

Маҳз дар ҳамин сурат мо аз амнияти давлату миллат ва рушду ободии Ватани азизи худ дар оянда хотирҷамъ буда метавонем.

Мо дар дурнамои сиёсати давлатдории хеш беҳтарин арзишҳои тамаддуни башариро пазируфта, парастиши ноогоҳона ва тақлидкоронаи фарҳанги барои миллати мо бегона, зӯроварӣ, хусусан унсурҳои ноҷои паст задани шарафи инсон, коҳидани ахлоқи ҳамидаву ҷаҳони поки маънавии ҷавононро қабул надорем.

Арзишҳои миллӣ дар давоми садсолаҳо ба зиндагии мо ворид шуда, чун меҳвари мутамаркази пешбаранда оини давлатдории тоҷиконро дар мушкилтарин лаҳзаҳои таърих бо сабру таҳаммул, ҳусни тадбир, талоши фарҳангӣ, рисолати маънавӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ пуштибонӣ намудаанд.

Аз ин лиҳоз, ба осонӣ пушти по задани дастовардҳои ҳазорсолаи таърихию фарҳангӣ аз ҷониби баъзе ҷавонони кӯтоҳандешу бегонапараст оқибати нек надорад.

Фарде, ки аз сарчашмаи суннатҳои аҷдодӣ ғизо намегирад, аз фарҳанги қадимаву ғановатманди гузаштагон баҳравар намегардад, ба қадри забони шевои модарӣ, адабиёти чандинҳазорсола, таърихи бою пурифтихор ва Ватани тамаддунпарвари аҷдодӣ намерасад, чун дарахтест, ки аз решаи ҳаётбахш канда шудааст.

Арзишҳои инсондӯстонаи миллию фарҳангии мо аз қабили дӯстию рафоқат, иззату эҳтироми падару модар ва калонсолон, заҳматписандию накӯкорӣ, пуштибонӣ аз инсофу адолат, дастгирии ятимону мӯҳтоҷон, канораҷӯӣ аз ҳирсу ҳасад, кибру ғурур, кинаю адоват, хиёнат ва аҳдшиканӣ табиатан ба ғояҳои умумибашарӣ ва арзишҳои умумиинсонӣ ҳамоҳанг буда, ҳазорон чеҳраҳои намоёни илму фарҳанг ва фарзандони фарзонаи миллатро ба камол расондаанд.

Ба ташаккули арзишҳои ахлоқиву маънавии ҷавонон воситаҳои ахбори умум таъсири бузург мерасонанд. Дар ин самт васоити ахбори умум бояд бештар арзишҳои фарҳанги миллӣ ва умумибашариро талқин намоянд, вагарна таблиғи бераҳмию зӯроварӣ ва фисқу фуҷур ба ҳолати рӯҳии ҷавонон таъсири манфӣ расонида, ба коҳиши меъёрҳои ахлоқии ҷомеа боис мегардад.

Пешгирии ҳама гуна амалҳое, ки боиси ноустувории асосҳои маънавии ҳаёти ҷавонон мегардад, пеш аз ҳама маҳдуд кардани таблиғи бераҳмию зӯроварӣ вазифаи аввалиндараҷаи мақомоти дахлдор ва тамоми ҷомеа дар самти солимгардонии маънавӣ ва ҷисмонии насли ҷавон мебошад.

Вақти он расидааст, ки Академияи илмҳо, вазоратҳои маориф, фарҳанг, кумитаҳои кор бо ҷавонон, оид ба занон ва оила вобаста ба таҳия ва қабули барномаи махсус доир ба тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи арзишҳои суннатӣ тадбирҳо андешанд.

Дар раванди тарбияи ватандӯстӣ пешгирӣ кардани зуҳуроти экстремизм ва таассуби динӣ, аз таъсири таблиғоти ифротгароёна ва оштинопазирии милливу мазҳабӣ эмин нигоҳ доштани ҷавонон аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими давлат ва ҷомеа мебошад.

Бинобар ин, дар кори созмонҳои ҷавонон таҳия ва татбиқи нақшаву барномаҳо оид ба таҳкими ризоияти иҷтимоӣ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми миёни миллатҳою мазҳабҳо, муколамаи байни тамаддунҳо ва наслҳо, инчунин амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба пешгирии фаъолияти қувваҳои иртиҷоӣ бояд мақоми афзалиятнок дошта бошад.

Наврасон ва ҷавононро аз амалу рафтори ноҷо ва ғайриқонунӣ нигоҳ доштан ва ба роҳи дуруст ҳидоят кардан вазифаи муқаддас ва қарзи инсонии падару модарон, омӯзгорону мураббиён, зиёиён ва умуман аҳли ҷомеа мебошад.

Вале ба ҷои ин, бисёр вақт танқиди бамавриду бемавриди ҷавонон ва шикоят аз онҳо ба назар мерасад. Яъне аксари калонсолон ба ҷои тарбияи ҷавонон танқид кардани онҳоро одати худ қарор додаанд.

Чунин шахсон гоҳо ҳикмати халқро фаромӯш мекунанд, ки "ҳар чӣ киштӣ, ҳамон медаравӣ".

Ба андешаи ман, одобу рафтор ва сатҳи маънавиёти наврасону ҷавонони мо дар давоми даҳ-дувоздаҳ соли охир хеле баланд рафта, эҳсоси худшиносӣ ва нангу номуси миллӣ дар байни онҳо торафт густариш ёфта истодааст, ки ин боиси қаноатмандист.

Мо бояд ҳамаи инро ҳамчун падидаи мусбат ва умедворкунанда арзёбӣ кунем ва ба тавсеаи он мусоидат намоем.

Аз фурсат истифода бурда, ба ҷавонони кишварамон барои кӯшишу талошҳо ва иқдомҳояшон дар ин самт миннатдории худро изҳор менамоям.

Имрӯзҳо кӯшиши давлат ба рушд ва таъмини моддии инфраструктураи фарҳанг - дастгирии театрҳо, марказҳои фарҳангии ҷавонон, китобхонаҳо, нашри адабиёти таълимӣ ва бадеиву методӣ, бо технологияи компютерӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои варзиш ва таҳияи барномаҳои гуногун оид ба ташаккули арзишҳои ахлоқиву маънавӣ, тарзи ҳаёти солим ва тарбияи ҷисмонӣ нигаронида шудааст.

Маҳз ба ин тариқ мо метавонем ташаккули фикри созандаи насли наврас, таблиғи тарзи ҳаёти солим, ривоҷи навовариву ташаббускориро дар байни ҷавонон таъмин намоем.

Аз ин рӯ, вазоратҳои фарҳанг, тандурустӣ, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кумитаҳои кор бо ҷавонон, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, оид ба корҳои занон ва оила, инчунин мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои таъсис додани марказҳои фарҳангии ҷавонон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар, ки ҳадафҳои зикршударо татбиқ менамоянд ва ба рангоранг шудани ҳаёти фарҳангӣ, фароғатию таълимӣ ва таъминоти иттилоотии ҷавонон шароити мусоид фароҳам меоранд, бояд чораҳои муассир андешанд.

Бори дигар Ҳукумат ва Кумитаи телевизион ва радиоро вазифадор менамоям, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати фарҳангӣ ва завқи бадеии мардум масъалаи таъсис додани барномаи дуюми телевизиони марказиро то ҷашни истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳаллу фасл намоянд.

Ҳукумат ба таҳкими низоми таҳсил дар кишвар ҳамаҷониба мусоидат менамояд. Зеро маориф омили муҳимтарини наҷоти миллат ва таҳкими давлат аст. Аз ин рӯ, инкишофи соҳаи маориф ҳадафи стратегии сиёсати давлати Тоҷикистон мебошад.

Самти асоситарини рушди маориф аз нигоҳ доштани фазои ягонаи таълим, таъмини ҳатмии ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ба таҳсил ва ба ҳамаи гурӯҳҳои аҳолӣ дастрас гардонидани таҳсилот иборат аст.

Дар Буҷети давлатии соли 2005 барои таъминоти соҳаи маориф 250 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта 90 миллион сомонӣ ё 55 фоиз зиёд мебошад. Ин ҳам ба хотири дастгирӣ ва инкишофи ҳамаҷонибаи насли ҷавон аст.

Имрӯз дар Тоҷикистон 3800 мактаби замонавӣ ва 37 донишгоҳу донишкадаҳои олӣ фаъолият мекунанд. Танҳо дар муассисаҳои олӣ қариб 120 ҳазор донишҷӯён таҳсил доранд.

Шумораи донишгоҳу донишкадаҳо нисбат ба соли 1991, яъне давраи пеш аз истиқлолият 3 баробар ва теъдоди донишҷӯён беш аз 2 маротиба афзудааст.

Танҳо дар Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон зиёда аз 15 ҳазор нафар донишҷӯён таҳсил мекунанд, ки ба онҳо беш аз 1000 нафар устодон аз рӯи 100 ихтисос таълим медиҳанд.

Бо вуҷуди ин, як қатор проблемаҳои маориф бо сабаби афзоиши бенизоми аҳолии кишвар боз ҳам мушкилтар мегарданд.

Соли 2006-ум шумораи аҳолии Тоҷикистон ба 7 миллион нафар мерасад. Мувофиқи ҳисоби мутахассисон то соли 2015-ум шумораи хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ба 2 миллиону 350 ҳазор нафар мерасад, ки ин нисбат ба соли ҷорӣ 40 фоиз зиёд хоҳад гашт. Бо дарназардошти ин, мо бояд ба сохтмони мактабҳои нав ва тарбияи кадрҳои омӯзгорӣ аҳамияти ҷиддӣ диҳем.

Таъмини мактабҳои таҳсилоти умумӣ бо китобҳои дарсӣ ва асбобу ашёи таълимӣ низ аз ҷумлаи проблемаҳое мебошад, ки ба ҳалли он аҳамияти доимӣ додан лозим аст. Ҳарчанд ки то имрӯз барои чопи китобҳои дарсӣ беш аз 20 миллион доллар сарф кардаем, вале қисми зиёди китобҳои дарсӣ ҳанӯз нашр нашудаанд.

Бинобар ин, ба Ҳукумат, вазоратҳои молия, фарҳанг ва маориф супориш дода мешавад, ки доир ба ҷорӣ намудани технологияи муосири чопи китоб, фароҳам овардани шароити зарурии нашр ва таъмини мактабҳои кишвар бо китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ барномаи махсус таҳия намоянд.

Проблемаи дигар, ки ҳалли он барои ҷомеаи мо ниҳоят муҳим аст, бо компютер таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ мебошад.

Мутобиқи барномаи давлатӣ оид ба компютерикунонии мактабҳои ибтидоӣ ва миёна барои солҳои 2003-2007 то имрӯз дар 600 мактаб синфҳои компютерӣ таъсис дода, дар онҳо 13 ҳазору 170 компютер гузошта шудааст.

Имсол мо ният дорем, ки аз ҳисоби фонди захиравии Президент боз 2500 компютер харида, 415 синфи компютерии дигар ташкил кунем.

Бо мақсади дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ҷорӣ ва истифода намудани технологияи иттилоотӣ, техникаи компютерӣ ва телекоммуникатсияи муосир, пурра қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти афзояндаи шаҳрвандон, хусусан ҷавонон ба технологияи компютерӣ ва иттилоот, ворид шудани Тоҷикистон ба фазои иттилоотии ҷаҳонӣ Шӯрои оид ба технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шавад.

Ба Вазорати маориф зарур аст, ки фаъолиятро дар самти омӯзиши технологияи компютерӣ минбаъд низ пурзӯр карда, дар маҳалҳо курсҳои тарбияи омӯзгоронро барои таълими асосҳои компютерӣ таъсис диҳад ва шабакаи тарбияи мутахассисонро махсусан барои мактабҳои деҳот ташкил намояд.

Дар масъалаи таъмини мактабҳо бо компютер ва татбиқи барномаи давлатӣ мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, падару модарон ва тоҷирону соҳибкорон низ ширкат карда, дар кори хайри баланд бардоштани сатҳи маърифати насли наврас саҳми арзанда гузошта метавонанд.

Нарасидани омӯзгорони фанҳои дақиқ, аз ҷумла фанҳои риёзӣ, физика, химия, инчунин омӯзгорони забонҳои русӣ ва англисӣ яке аз масъалаҳои мушкили мактабҳои кишвар, пеш аз ҳама деҳот мебошад.

Мактабҳои таҳсилоти умумии кишвар то имрӯз ба 1000 нафар омӯзгорони забони русӣ ва зиёда аз 3000 нафар омӯзгорони забони англисӣ эҳтиёҷ доранд, ки ин проблема татбиқи барномаи давлатиро оид ба такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ мушкил мегардонад. Умуман дар кишвар ҳоло зиёда аз 8 ҳазор муаллим намерасад.

Вазорати маориф ва роҳбарони донишгоҳу донишкадаҳои омӯзгорӣ бояд якҷоя бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва ҳукуматҳои вилоятҳо, инчунин шаҳру ноҳияҳо дар бобати муҳайё кардани шароити мусоид барои омӯзгорони ҷавон ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба фаъолияти онҳо хусусан дар мактабҳои деҳот нақшаву барномаҳои мушаххас таҳия намоянд.

Дар робита ба таҳкими раванди таълиму тарбия ҳамчунин зарур аст, ки тарзи кори марказҳои эҷодии кӯдакон ва дигар ташкилотҳоеро, ки ба тарбияи беруназмактабӣ машғуланд, таҷдиди назар карда, фаъолияти чунин ташкилотҳо дар маҳалли зисти наврасон ва ҷавонон барқарор карда шавад.

Дар ин раванд гузаронидани озмуну олимпиада ва фестивалу спартакиадаҳо оид ба самтҳои мухталифи фаъолияти илмию техникӣ ва эҷодии кӯдакону ҷавонон, аз ҷумла дар соҳаи фаъолияти касбӣ ва соҳибкориву хизматрасонӣ бағоят муҳим аст.

Ҳамчунин Вазорати маориф, Кумитаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, донишгоҳу донишкадаҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор карда мешаванд, ки дар назди тамоми мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва олӣ майдонҳои варзишӣ ташкил карда, фаъолияти онҳоро ба таври зарурӣ ба роҳ монанд.

Ҷавонони босаводу соҳибмаърифат ва аз ҷиҳати маънавию ҷисмонӣ солимро тарбия кардан вазифаи боифтихор аст.

Аз ҷониби дигар, ҷавонони мо бояд донанд, ки рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии кишвар аз сатҳи пешрафти илму техника, ҷорӣ намудани технологияи муосири пешрафта вобастагии бевосита дорад.

Васеъ истифода намудани кашфиёту ихтирооти олимони кишвар ва дастовардҳои илми ҷаҳонӣ, ҷорӣ кардани технологияи нав, натиҷаҳои тадқиқоти бунёдӣ ва амалӣ, ки илми ватанӣ анҷом медиҳад, барои иқтисодиёт зарур аст.

Бинобар ин, маблағгузории соҳаи илмро сол аз сол аз буҷети давлатӣ зиёд карда истодаем.

Имрӯз иқтисодиёти кишвар ба мутахассисони варзидаи соҳаҳои гидроэнергетика, нақлиёт, сохтмон, саноат, авиатсия ва алоқа эҳтиёҷи зиёд дорад.

Вале ҳанӯз усули тарбия ва омодасозии мутахассисон, махсусан зиёиёни техникӣ ҷавобгӯи эҳтиёҷоти иқтисоди миллӣ намебошад. Дар шароити имрӯза ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо қабл аз ҳама ба табақаи зиёиёни пешрафтаи техникӣ ниёз дорад.

Аз ин рӯ, Академияи илмҳо, вазоратҳои иқтисод ва савдо, маориф, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии шуғли аҳолӣ, саноат, энергетика ва дигар вазорату идораҳо вазифадор карда мешаванд, ки тарбияи мутахассисонро бо дарназардошти эҳтиёҷоти иқтисодиёт таҷдиди назар намуда, ҷиҳати барқарорсозии низоми касбомӯзӣ, тарбияи зиёиёни техникӣ, таъмини шуғли хатмкунандагони муассисаҳои таълимии касбӣ, дастгирии фаъолияти устувор ва самарабахши меҳнатии онҳо тадбирҳои дарозмӯҳлатро таҳия ва татбиқ намоянд.

Давлат мавқеи муҳими ҷамъиятии ҷавонони лаёқатмандро ба инобат гирифта, барои рушди ҳамаҷониба, ташаккули истеъдод ва нерӯи эҷодии онҳо фароҳам овардани шароити мусоидро зарур мешуморад.

Эҳтиёт кардан ва инкишоф додани нерӯи зеҳнӣ ва эҷодии ҷомеа, муҳайё сохтани шароит барои таҳкими заминаи маърифати ҷавонон масъалаи хеле муҳим аст.

Муқаррар намудани мукофотҳо, стипендияҳо, кӯмакпулиҳо барои ҷавонони лаёқатманд, дастгирии давлатии фаъолияти ҷавонони эҷодкор ва созанда таҳияи тадбирҳои комплексиро тақозо менамояд. Сиёсати давлатии дастгирии ҷавонони лаёқатманд дар доираи сиёсати рушди умумии захираҳои инсонӣ татбиқ карда мешавад.

Баъди вохӯрии аввалин бо ҷавонон ва вохӯрии ҳамасола бо зиёиёни кишвар дар ҳаёти ҷавонон, махсусан ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд пешрафти умедбахш ба мушоҳида мерасад.

Мутобиқи Фармони Президенти Тоҷикистон аз 26 феврали соли 1998-ум 100 стипендияи президентӣ таъсис ёфтааст, ки ҳар сол ба ҷавонон ва донишҷӯёни аълохон дода мешавад.

Бо мақсади дастгирии духтароне, ки аз оилаҳои камбизоат мувофиқи квотаи президентӣ аз ноҳияҳои дурдаст дар донишгоҳҳои олии мамлакат бо баҳои аъло таҳсил мекунанд, 16 стипендия муқаррар карда шудааст.

Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти кишвар ва дастгирии донишҷӯён аз тарафи раисони шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту корхонаҳо дар кишвар 1500 стипендия таъсис дода шудааст, ки ин ҳам яке аз роҳҳои аз ҷиҳати моддӣ ҳавасманд гардонидани ҷавонон мебошад.

Ҳамчунин бо Фармони Президенти Тоҷикистон аз 20-уми марти соли 1998 "Дар бораи таъсис додани ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илм корҳои намоён анҷом додаанд", бо мақсади рушду инкишофи иқтидори илмии кишвар ва ҳавасманд намудани фаъолияти эҷодии олимони ҷавон 6 ҷоиза таъсис дода шудааст.

Вале ҳамаи ин чорабиниву тадбирҳо дар шароити имрӯза кофӣ нестанд.

Бинобар ин, ба Ҳукумат, Вазорати маориф, Кумитаи кор бо ҷавонон ва дигар мақомоти дахлдор супориш медиҳам, ки миқдори стипендияи президентӣ барои хонандагони мактабҳои миёна 3 баробар зиёд карда шавад. (300 стипендия)

Ҳамчунин аз 1 январи соли 2006-ум шумораи ҷавондухтарону ҷавонписароне, ки аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон бо квотаи президентӣ ба мактабҳои олӣ қабул карда мешаванд, 100 фоиз зиёд карда шавад. (Яъне дар як сол то ба 1000 нафар расонида шавад).

Пешниҳод менамоям, ки барои дастгирии ҷавонони лаёқатманде, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон минбаъд ба кишварҳои хориҷӣ ба таҳсил фиристода мешаванд, Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.

Чанд рӯз пештар Қарори Ҳукумати Тоҷикистон оид ба таъсиси грантҳои Ҳукумат барои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи тарбияи ватанпарастии ҷавонон қабул шуд, ки дар асоси он ҳамасола 6 грант ҳар кадоме 5 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад. Мӯҳлати ҷудо кардани грантҳо аз аввали июли ҳамин сол оғоз карда шавад.

Ба Ҳукумат ва мақомоти дахлдор супориш медиҳам, ки аз оғози соли 2006 миқдори грантро аз 6 ба 10 ва маблағи ҳар кадоми онро аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ зиёд намоянд. (Аз 1 январи соли 2006-ум неву аз 1 июли соли ҷорӣ)

Давлат барои равнақи нерӯҳои ақлонии кишвар, хусусан аз ҳисоби ҷавонон минбаъд низ аҳамияти махсус дода, барои беҳтар кардани шароити зиндагӣ ва кори онҳо ғамхории ҳамешагӣ зоҳир хоҳад кард.

Дар баробари ин, бояд таъкид кард, ки масъалаи баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва олии кишвар, мубориза бар зидди амалу рафтори ғайриқонунӣ, аз ҷумла коррупсия дар муассисаҳои зикршуда вазифаи роҳбарону устодон, падару модарон, худи донишҷӯён ва тамоми аҳли ҷомеа мебошад.

Бо дарназардошти вазъият ва бо мақсади бо хобгоҳ таъмин кардани донишҷӯён ба Ҳукумат, Вазорати маориф, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ректорони тамоми донишгоҳу донишкадаҳои олии мамлакат супориш дода мешавад, ки хобгоҳҳои мавҷудаи донишҷӯёнро аз ҳамин сол сар карда, дар давоми се сол пурра таъмир ва бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин намоянд.

Ҷавонони азиз!

Яке аз проблемаҳои ҷиддие, ки дар назди ҷомеаи мо қарор дорад, бо кор таъмин кардани ҷавонон мебошад. Ҳоло дар сафи бекорони расман ба қайд гирифташуда ҷавонон 68 фоизро ташкил медиҳанд.

Мо ба воситаи таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар кишвар ва бо кор таъмин намудани аҳолии қобили меҳнат, ба низом овардани муҳоҷирати меҳнатиро аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷа медонем.

Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳалли масъалаҳои шуғли аҳолӣ ҳамаи чораҳои заруриро андешида истодааст. Вобаста ба афзалиятҳои истеҳсолии минтақаҳои Тоҷикистон таъсис додани корхонаҳои хурди коркарди ашёи хом метавонад яке аз манбаъҳои асосии ба даст овардани даромад ва некӯаҳволии мардум гардида, барои бо кор таъмин намудани аҳолӣ, махсусан ҷавонон мусоидат намояд.

Танҳо сохтмони иншоотҳои калони энергетикиву металлургияи ранга, ки имсол оғоз ёфтаанд, имкон медиҳад зиёда аз 50 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ташкил карда шавад. Ҳамчунин то соли 2010 дар натиҷаи азхудкунии 15 ҳазор гектар заминҳои нав 10 ҳазор ҷои нави корӣ муҳайё мегардад.

Таъсиси корхонаҳои хурди коркарди ашёи хом, алюминий, тилло, нуқра, сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ, маъдан, нахи пахта ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ, рушди боғдориву асалпарварӣ бахшҳое мебошанд, ки барои фароҳам овардани ҳазорҳо ҷои нави кор имконият медиҳанд.

Ин масъалаҳо ҳангоми таҳияи Консепсияи шуғли аҳолӣ барои солҳои 2006-2015 ва Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2006-2008 бояд ба инобат гирифта шаванд.

Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, махсусан Кумитаи кор бо ҷавонон ва ташкилоту иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавононро зарур аст, ки корро дар самти мустақилияти иқтисодии ҷавонон, омодагии касбӣ ва рушди соҳибкорӣ бештар намуда, ҷавонони соҳибихтисосро ба бозори меҳнат тайёр намоянд.

Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати маориф ва Кумитаи кор бо ҷавонон якҷоя бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд дар мавриди ташкил ва дастгирии ташкилотҳои махсусгардонидашуда, ки бо масъалаҳои шуғли ҷавонон сару кор доранд, диққати ҷиддӣ диҳанд ва барномаҳои муштараки байнисоҳавии вобаста ба шуғли ҷавононро таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Дар масъалаи бо кор таъмин кардани ҷавонон дастгирии фаъолияти соҳибкории хурду миёна хеле муҳим аст.

Ба фаъолияти расмии соҳибкорӣ фаро гирифтани ҷавонон то ба ҳол нокифоя мебошад. Ҳанӯз ҳам тартиби гирифтани иҷозатномаи сохторҳои давлатӣ барои машғулият бо ягон намуди фаъолияти соҳибкорӣ мушкилиҳои сунъӣ дорад. Ва мо кӯшиш дорем, ки ин раванд оддитар карда шавад.

Бо дарназардошти ҳалли ин проблемаҳо қарор қабул шудааст, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" таҳия ва пешниҳод гардад.

Барои оғози фаъолияти соҳибкории хурду миёна масъалаи бо маблағи ибтидоӣ таъмин намудан ҳанӯз ҳам ҳал нашудааст.

Ба хотири рушди соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ пешниҳоди қарзҳои хурд аз ҷониби бонкҳо ва созмонҳои молиявии ғайрибонкӣ вусъат меёбад. Алҳол 4 фонди қарзи хурд, 6 ташкилоти молиявии ғайрибонкӣ ва 5 ҷамъияти қарздиҳӣ расман ба қайд гирифта шуда, фаъолияти худро оғоз намудаанд.

Аз натиҷаҳои семоҳаи аввали соли ҷорӣ бармеояд, ки ҳаҷми маблағгузории хурд ва қарзҳои ба соҳибкорон додашуда торафт меафзояд. Аз ҷумла ҳаҷми умумии қарзҳои дар ин муддат додашуда 55,5 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 40 фоиз зиёд аст. Шумораи соҳибкорони қарзгирифта бештар аз 12 ҳазор нафар гардида, дар муқоиса бо соли гузашта 35 фоиз афзудааст. Аксарияти соҳибкороне, ки ба онҳо қарзҳои хурд дода шудаанд, ҷавонон мебошанд.

Дар натиҷаи дастгирии молиявии соҳибкории хурд ҷавонон бештар ба фаъолияти истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ ҷалб гардида, ҷойҳои нави корӣ ва даромади воқеии оилаҳои ҷавон афзун мегарданд.

Бо роҳи муҳайё намудани шароит ва додани имконияти бештар барои зиёд гардидани даромади иқтисодии аҳолӣ ҳадафи Ҳукумати Тоҷикистон баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мебошад. Вале мардуми мо бинобар хурофотпарастӣ ва расму оинҳои серхароҷоту миёншикан вазъи молиявии оилаҳои худро дидаю дониста мушкил месозанд.

Дар бораи бо манзили зист ва ашёи рӯзгор таъмин намудани оилаҳои ҷавон андеша намекунанд. Дар натиҷаи ба инобат нагирифтани имкониятҳои таъминот ва тарбияи фарзанд бисёр оилаҳо дучори проблемаҳои зиёди зиндагӣ мегарданд.

Бо дарназардошти мушкилоти онҳо давлат ҳаллу фасли масъалаи танзими оила ва расму оинҳоро ба миён гузоштааст, ки беш аз пеш аҳамияти хоса пайдо менамояд.

Шумо - ҷавонон бояд хуб дарк намоед, ки таъминоти пурраи моддиву маишии оила, тарбияи фарзандони солим ва ҳаллу фасли масъалаҳои зиндагии ояндаи онҳо асосан аз он вобаста аст, ки имконияти фарзанддорӣ чи гуна ба инобат гирифта мешавад. Дар баробари ин, ҳадафи давлати ҷавон ва миллати тамаддунсози мо тарбияи насли ҳамаҷониба солим, соҳибмаърифат ва худшиносу худогоҳ мебошад, ки татбиқи он вазифаи муқаддаси аҳли ҷомеа ва пеш аз ҳама шумо - ҷавонон аст.

Дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон таъминоти ҷавонон бо ҷойи кор, манзил ё қитъаи замин барои сохтмони хона проблемаҳои ҳалталаб ба ҳисоб мераванд.

Аз ин рӯ, ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ зарур аст, ки имкониятҳои азхуд намудани заминҳои бекорхобидаро мавриди баррасии ҷиддӣ қарор дода, аз ин ҳисоб дар навбати аввал таъминоти оилаҳои ҷавонро бо ҷои кор ва қитъаи замин барои сохтмони манзил ба инобат гиранд.

Ҳамчунин дар шароити иқтисоди бозорӣ барои бо манзил таъмин гардидани оилаҳои ҷавон ташаккули механизми кредитонии ипотекӣ ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ипотека ва кредитонии ипотекӣ" мусоидат хоҳад намуд.

Ҳозирини мӯҳтарам!

Дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон созмону иттиҳодияҳои ҷавонону наврасон метавонанд нақши арзанда дошта бошанд. Вале мушоҳидаву таҳлилҳо собит месозанд, ки онҳо ҳанӯз дар байни ҷавонон ва умуман ҷомеа ҳамчун ҳаракатҳои ҷамъиятӣ ба мақоми баланд сазовор нагаштаанд.

Иттиҳодияҳои ҷавонон ва наврасон ҳоло ташаббуси ҷавононро ба манфиати ҷомеа ва давлат пурра сафарбар накардаанд.

Ҳарчанд ки дар мамлакатамон то имрӯз 150 иттиҳодияҳои ҷавонон ва наврасон расман ба қайд гирифта шуда бошанд ҳам, вале онҳо дар маҷмӯъ 4 фоизи шумораи умумии ҷавононро дар сафҳои худ муттаҳид намудаанд.

Ташкилоти нисбатан бонуфузи ҷавонон Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон буда, ҳоло зиёда аз 130 ҳазор нафар аъзо дорад. Имкониятҳои иттифоқи мазкур барои ба ватандӯстиву ватанпарастӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҳидоят намудани ҷавонон ниҳоят зиёд аст.

Вале ҳоло як қисми ҷавонон нисбат ба Ватан, истиқлолият, давлату миллат, арзишҳои фарҳангиву миллии худ ва масъалаҳои ҳаёти ҷомеа бетафовут мебошанд. Дар баробари созмону иттиҳодияҳои ҷавонон мақомоти давлатии пешбарандаи сиёсати ҷавонон низ ба корҳои тарбиявӣ ва фаъол сохтани нерӯи ҷавонон ба таври ҷиддӣ машғул нестанд.

Бинобар ин, ба зеҳни ҷавонон гурӯҳҳои бегонапараст, моҷароҷӯ ва ҷиноятпеша таъсир мерасонанд. Сохторҳои татбиқсозандаи сиёсати давлатии ҷавонон бар зидди чунин зуҳуроти манфӣ ҳанӯз оқилона ва пайгирона мубориза бурда наметавонанд.

Зеро дар давоми солҳои охир ҳодисаю падидаҳое ба мушоҳида мерасанд, ки метавонанд дар оянда ба раванди инкишофи ҷомеа халали ҷиддӣ ворид намуда, ҳаёти ҷамъиятиву сиёсиро ноором созанд. Мутобиқи маълумот шумораи шахсони ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ шомилшуда сол то сол афзуда истодааст.

Махсусан фаъолияти пинҳонкоронаву радикалии "Ҳизб-ут-таҳрир" ба афкори ҷомеа ва пеш аз ҳама ҷавонон таъсири манфӣ расонида, аъзои он муқобили сохти конститутсионӣ, истиқлолият, арзишҳои демократӣ, ҳуқуқӣ ва дунявӣ баромад мекунанд, ки он бар хилофи меъёрҳои ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, фарҳанги миллӣ ва эҳтироми забони модарӣ мебошад.

Ҳанӯз дар солҳои аввали истиқлолият таҳлилҳои сиёсии гузаронидашуда дар асоси ҳуҷҷатҳову фаъолияти амалии ин ҳизб муайян намуданд, ки мақсади асосии он ба зӯрӣ ғасб намудани ҳокимият ва созмон додани хилофати ягонаи исломӣ мебошад.

Бинобар ин, фаъолияти "Ҳизб-ут-таҳрир" дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин дар як зумра кишварҳои ҷаҳон ғайриқонунӣ эълон шудааст.

Аз замони пайдоиши ислом то имрӯз мардуми мусулмони кишвари мо ва умуман аксарияти мардуми мусулмони Осиёи Марказӣ дар мазҳаби Имом Ҳанифа содиқ буданду ҳастанд ва он ҳар яки моро ба роҳи рост, адолатпарварӣ, инсоф, муҳаббат ва садоқат нисбат ба ҳамдигар ва сулҳу субот даъват менамояд.

Бинобар ин, афкори экстремистии мазҳабҳои дигар ва равияҳои навбаромадро мардуми мо, махсусан ҷавонон бояд дар мизони ақли худ баркашида, дурустӣ ва нодурустияшро санҷида, хулосаи зарурӣ бароранд.

Яке аз роҳҳои асосии пешгирии амалҳои ношоиста ва қонуншиканиҳо, инчунин аз ҷониби ҷавонон ба таври зарурӣ ҳифз гардидани ҳуқуқҳои конститутсионии худ баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии онҳо мебошад. Дар бобати дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ дуруст ташкил кардани омӯзиши Конститутсияи Тоҷикистон ва таълими фанни асосҳои давлат ва ҳуқуқ бояд Вазорати маориф ва донишгоҳу донишкадаҳои олӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намоянд.

Ҳамчунин ба Вазорати адлия, судҳо ва мақомоти дахлдори ҳифзи ҳуқуқ зарур аст, ки дар байни ҷавонону наврасон дар ин самт ба корҳои ташвиқотиву таблиғотии худ тақвият бахшанд.

Давлат барои рушд ва ҳамкорӣ бо иттиҳодияҳои ғайриҳукуматии ҷавонон ва наврасон, ки фаъолияташон ба баланд бардоштани маърифати маънавию ҳуқуқӣ, нақши ҷавонон дар равандҳои ҷамъиятию сиёсӣ, афзудани саҳми онҳо дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат менамоянд, манфиатдор аст.

Имрӯз замоне расидааст, ки моҳият ва мақоми андешаи миллии тоҷиконро мо мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор диҳем. Андешаи миллиро мо бояд ҳамчун шакли тафаккур, маҷмӯи ғояву шуур, унсурҳои ваҳдату ризоият, ҳувият ва ифтихори миллӣ арзёбӣ карда, ба он таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намоем.

Чунки маҷмӯи дастовардҳои маънавӣ, ғояҳо ва арзишҳои миллӣ, ки тоҷиконро дар тӯли асрҳо аз нобудшавӣ раҳо сохта, ба ваҳдату эҳёи Тоҷикистони соҳибистиқлол мусоидат намудааст, тараққиёти бемайлони иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии моро фаро мегирад.

Ҳамзамон дар шароити глобализатсия ва ҳамгироии Тоҷикистон бо ҷаҳони муосир мо бояд восита, роҳҳо ва шаклҳои татбиқи андешаи миллиро дар соҳаи иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳанг, сиёсат ва амният, ки хусусияти миллӣ ва симои маънавию сиёсии моро нигоҳ медорад, пайдо намуда, тадриҷан амалӣ созем.

Андешаи миллии тоҷикон аз тамаддуни ориёӣ ва таълимоти Авасто ибтидо гирифта, дар оини деринаи давлатдорӣ ва афкори мутафаккирони давраҳои гуногуни таърихӣ мақоми хоса дорад.

Таркиб, моҳият ва мазмуни андешаи миллиро муҳаббат ва садоқат ба Ватан, ифтихор аз гузаштаи пурифтихор, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои истиқлолият, бунёди ҷомеаи пешрафта ва мутамаддини шаҳрвандӣ ва дар маҷмӯъ ғояи асосии давлати миллиро ташкил медиҳад.

Андешаи миллӣ равандҳои дохилии иттиҳоди миллатро ташаккул дода, ҷавононро ба худшиносиву худогоҳӣ ҳидоят менамояд, ба онҳо рӯҳияи озодихоҳӣ, ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ мебахшад.

Чунончӣ, китоби муқаддаси Авасто ҳар фарди бедордилу худогоҳро даъват намудааст: "Ватани худро муҳофизат намо, манзили худро нигоҳ дор ва халқи худро тарк накун!"

Насли наврас ва ҷавонони имрӯза бояд аз он шукргузор бошанд, ки дар давлати соҳибистиқлол зиндагӣ, таҳсил ва кор мекунанд, фарзанди миллати сарбаланду соҳибтамаддун ва Ватани ободу мустақил мебошанд. Ин давлати соҳибистиқлол барои имрӯзу ояндаи онҳо ба андозаи имкон шароит муҳайё месозад ва барои рушду нумӯъи рӯзафзуни кишвар тадбирҳо меандешад.

Мо - насли калонсол мехоҳем, ки фарзандони мо - ҷавонони имрӯза ва созандагони фардои Ватан баробари омӯхтани забони модарӣ ва илму дониш, азбар намудани забонҳои хориҷӣ, истифодаи моҳиронаи технологияи муосир ва дастовардҳои соҳаи компютерӣ, аз таърихи куҳан, мероси гаронбаҳо ва анъанаҳои пурарзиши фарҳанги миллии тоҷикон огоҳ бошанд ва аз миллати қадимаву сарзамини аҷдодии худ ифтихор намоянд.

Дӯстони азиз!

Ташаккул ва таҳкими тарзи ҳаёти солими ҷавонон яке аз масъалаҳои ҷиддӣ ба ҳисоб меравад. Чунки тандурустии ҷавонон тандурустии миллат аст. Вале ҳодисаҳои дар байни ҷавонон паҳн шудани нашъамандӣ ташвишовар мебошанд. Тадқиқоти дар соҳаи тандурустӣ гузаронидашуда нишон медиҳад, ки зиёда аз 70 фоизи нашъамандони дар муассисаҳои тиббӣ ба қайд гирифташуда ҷавонони то 25-сола мебошанд.

Ҳамчунин ба ҷинояткорӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир даст задани ҷавонон низ зуҳуроти нангин аст. Дар муддати панҷ соли охир шумораи маҳкумшудагони то 29-сола, ки ҷиноят содир намудаанд, ду баробар афзудааст.

Ҳоло дар маҷмӯъ беш аз ду ҳазор нафар ҷавонони то 30-сола барои содир намудани ҷиноятҳои гуногун, аз ҷумла зиёда аз 250 нафар бо гуноҳи нашъамандиву нашъаҷаллобӣ маҳкум гардида, дар маҳбасҳо нигоҳ дошта мешаванд.

Мубталои нашъамандӣ гардидани ҷавонон на танҳо ба саломатию ҳаёти шахсии худи онҳо, балки ба рушди минбаъдаи ҷомеа низ таъсир расонида, генофонди миллатро зери хатар мегузорад.

Инчунин падидаи нангини одамфурӯшӣ, ки ба суннатҳои миллӣ ва рисолати инсонпарварии мо бегона аст, боиси коҳидани нуфузу эътибори аҳли ҷомеаи мо мегардад.

Аз ин рӯ, дар баробари мақомоти дахлдори давлатӣ ба падару модарон, муассисаҳои таълимӣ, иттиҳодияҳои ҷавонон ва умуман ҷомеа зарур аст, ки ба масъалаҳои мазкур диққати ҷиддӣ дода, доир ба пешгирии нашъамандиву нашъаҷаллобӣ дар байни ҷавонон тадбирҳои муассир андешанд.

Яке аз роҳҳои беҳтарини нигаҳдории саломатӣ ин тағйир додани муносибати одамон ба тарзи зиндагӣ ва таблиғи тарзи ҳаёти солим ба шумор меравад.

Ба варзиш ва обутоби ҷисмонӣ ҷалб намудани ҷавонон, тануманду солиму қавирӯҳ ба камол расонидани онҳо вазифаи муҳими падару модарон, мактабҳои таҳсилоти умумиву олӣ ва тамоми ҷомеа мебошад.

Ба вазоратҳои тандурустӣ, маориф, кумитаҳои кор бо ҷавонон, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, оид ба корҳои занон ва оила зарур аст, ки вобаста ба нигаҳдории тандурустӣ ва обутоби ҷисмонии ҷавонон Барномаи рушди саломатии ҷавонон барои солҳои 2006-2015-ро таҳия намуда, ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Судҳо, Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ доир ба пешгирии ҷинояткорӣ ва дигар конуншиканиву ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби ноболиғон ва кӯдакони бепарастор бояд тадбирҳои иловагӣ андешанд. Тадбирҳои андешидаи онҳо бояд ба ҷои ҷазо пешгирии ҷиноят ва тарбияи наврасону ҷавононро дарбар гиранд.

Тарзи ҳаёти солим ва масъулияти тарбияи ҷавонон барои пойдории амнияти ҷомеа шароити мусоид фароҳам оварда, моро водор месозад, ки нисбат ба ҳаёти ҷавонон ва наврасон бетараф набошем ва дар рушду такомули ҷисмонию маънавии онҳо саҳми муносиб гузорем.

Ҷалби ҷавонон ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии мо мебошад. Зеро тақдири ояндаи давлату миллати мо ба зиммаи ҷавонон вогузор мегардад. Имрӯз зиёда аз 3600 нафар хизматчиёни давлатӣ, яъне 20 фоизи кормандони мақомоти давлатиро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Ҷараёни татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ" нишон медиҳад, ки ба масъалаҳои гузаронидани озмун барои ишғол намудани мансаби хизмати давлатӣ, аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ ва ташкили захираи кадрҳо дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин вазорату идораҳо диққати зарурӣ дода намешавад.

Дар ин ҷода кадрҳои ҷавони болаёқат аз назар дур монда, ба озмунҳо даъват намегарданд, агар дар захираи кадрҳо номнавис шаванд ҳам, ҳангоми холӣ шудани вазифаҳо онҳоро фаро намегиранд.

Минбаъд барои ба корҳои идоракунии давлатӣ бештар ҷалб намудани ҷавонон бояд вазорату идораҳо ва ҳукуматҳои вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо кадрҳои ҷавонро пеш аз ҳама бо дарназардошти сатҳи омодагии касбӣ, қобилияти ташкилотчигӣ, забондонӣ ва мувофиқати донишу маҳорати онҳо ба талаботи иқтисоди бозорӣ дар асоси озмун интихоб намоянд.

Имрӯзу ояндаи кишвар ва нуфузу эътибори давлати мо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҷаҳонбинии солим, маърифати баланди сиёсӣ, дониши замонавӣ, омодагии касбӣ, соҳибмаърифативу соҳибфарҳангӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву худшиносии шумо - ҷавонон вобаста аст.

Аз ин рӯ, бояд шумо бо ғояҳои солим ва афкори пешбарандаи худ дар бунёди давлати мутараққӣ ва аз лиҳози иҷтимоӣ инкишофёфтаи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда гузоред.

Ҳамкории Кумитаи кор бо ҷавонон ва Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати ҷалби мутахассисони ҷавону умедбахш ба соҳаи хизмати давлатӣ, умуман рушди соҳа кифоя нест.

Имрӯз вақти он расидааст, ки сиёсати ҷавонон ва сиёсати хизмати давлатӣ бояд дар ҳамбастагӣ татбиқ ёбанд ва такмил дода шаванд.

Бо дарназардошти ин, Кумитаи кор бо ҷавонон ва Раёсати хизмати давлатиро зарур аст, ки бо мақсади инкишофи соҳаи хизмати давлатӣ, муайян намудани нақши ҷавонон ва мавқеи онҳо дар идоракунии давлат, баҳисобгирии ҷавонон дар хизмати давлатӣ, ҳарчи бештар фарогирии ҷавонони лаёқатманд ба соҳа, таъсиси системаи ягонаи захираи кадрҳои мақомоти давлатӣ аз ҳисоби ҷавонони болаёқат, ҳавасмандгардонӣ, омӯзиш ва такмили ихтисоси онҳо Консепсия ва Барномаи рушди соҳаи хизмати давлатӣ дар байни ҷавононро таҳия ва ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Бародарону хоҳарони азиз!

Соли оянда дар кишвари мо чандин маъракаҳои муҳими сиёсӣ ва фарҳангӣ баргузор мегарданд, ки иштирокчиёни фаъол ва зебу шукӯҳи ин чорабиниҳо аксаран ҷавонони ташаббускору ояндасози миллат мебошанд.

Ман ҷашнҳои 15-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, соли фарҳанги ориёӣ ва 2700-солагии Кӯлоби бостониро дар назар дорам.

Шумо - ҷавонон бояд хуб дарк кунед, ки истиқлолияти воқеӣ доштан ва соҳибдавлату соҳибватан будан барои инсон бузургтарин неъмат ва волотарин ормони зиндагӣ аст.

Барои расидан ба истиқлолият, бунёди оини давлатдорӣ, ташаккули воқеии миллат, ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангӣ ва соҳибдавлату соҳибватан шудани мову шумо дар тӯли чандин асрҳо ҳазорон фарзандони фидоию ватанпараст ва садҳо пешвоёни сарсупурдаи зираку дурандеш талошҳои пайгирона ва муборизаҳои беамони огоҳонаю ҷасурона бурдаанд.

Мову шумо - ҷавонон ба қадри ин Ватани аҷдодию давлати соҳибистиқлол расида, аз гузаштагони сарбаланд ва падару модарони худ бояд дарси сабру тоқат, меҳнату ободкорӣ, ватандӯстию мардонагӣ, шуҷоату қаҳрамонӣ омӯзем.

Мову шумо бояд фаромӯш насозем, ки падарону бобоҳои мо мушкилиҳои зиёдро аз сар гузаронида, шабу рӯз меҳнат намуданд, ба сардию гуруснагӣ тоқат карданд, вале манфиати Ватану миллати худро аз ҳама боло дониста, кору пайкорҳои созандагиро пеш гирифтанд.

Дар натиҷа барои мову шумо роҳҳои васеи мошингард, шаҳрҳои нав, иморатҳои замонавӣ, нерӯгоҳҳои барқӣ, корхонаҳои саноатӣ, мактабҳои олӣ ва институтҳои илмии пешрафта бунёд карданд.

Шумо бояд аз мактаби наслҳои калонсол сабақи ватандорию бунёдкориҳоро омӯзед. Дӯстию рафоқат, хоксорию сабру таҳаммул, зиракии сиёсию ҳусни тадбир, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ, донишандӯзию худогоҳӣ бояд хислатҳои муҳимтарини ҷавонони мо бошанд.

Шумо - ҷавонон бояд сарнавишти ибратомӯзи гузаштаҳои худ, фидокорию ҷонбозиҳои қаҳрамонони халқи тоҷик ва таърихи куҳану нави миллати худро хуб донед. То ҷавонон таърихи гузаштаи халқи худ ва ҷонбозиҳои душвору тӯлонӣ ва пурмашаққати расидан ба истиқлолиятро хуб надонанд, ватандӯст ва миллатдӯсти ҳақиқӣ шуда наметавонанд.

Шумо - ҷавонон бояд пайгирона омӯзед ва эътимод пайдо намоед, ки миллати тоҷик яке аз халқҳои қадимтарини ҷаҳон аст. Инро фарҳангу таърихи ориёиҳо ва гузаштаи миллати куҳанбунёди тоҷик собит месозад.

Шумо - ҷавонон бояд ифтихор кунед, ки идомадиҳандаи ҳамин таърих, ҳамин фарҳанг ва ҳамин миллати қадимтарини олам мебошед. Бояд ба ин ифтихор сазовор бошед ва инсондӯстию накӯкорӣ, инсофу адолат, эҳтироми калонсолон, дӯстию рафоқат ва дигар арзишҳои волои миллию умумибашариро пешаи худ намоед.

Ҳар сол мо 27 июн - Рӯзи ваҳдати миллиро ҷашн мегирем. Ин рӯзи имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аст. Сулҳи мо осон ба даст наомадааст.

Мо хатари парокандагии миллат, аз харитаи дунё нест шудани давлат ва фоҷиаҳои даҳшатбору сангини ҷанги шаҳрвандиро паси сар кардем.

Ин ҷанги миллаткуш риштаи умри беш аз 100 ҳазор мардуми моро, ки аксари онҳо ҷавон буданд, қатъ кард. Оқибати он харобиву вайронии кишвар, авҷ гирифтани ҷинояткориву қонуншиканӣ, бӯҳрони гарони сиёсию иқтисодӣ, таҳдиди хатари гуруснагӣ, бесаробон мондани ҳазорҳо занону кӯдакон ва гирифтори мусибату бадбахтиҳо шудани бисёр хонаводаҳо гардид.

Маҳз вазифаи таърихӣ ва қарзи имониву муқаддаси шумо - ҷавонон ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт кардани сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, оромию осудагии ҷомеа ва амнияти миллату давлат аст.

Зеро шумо ва фарзандону наберагони шумо дар Тоҷикистони обод, осуда, пешрафта, мутамаддин ва дорои иқтисоди тавоною захираҳои бои табиӣ зиндагӣ мекунед.

Мо бо вуҷуди тамоми душвориҳо кӯшиш дорем ба ҷавонон ғамхорӣ кунем, шароити мусоид фароҳам оварем, то ки онҳо хуб таҳсил карда, огоҳона кору зиндагӣ ва рӯзгори ободу шоистаи таҳсин эҷод намоянд.

Ояндаи неку обод, зиндагии тинҷу осудаҳолона ва оромию осудагии кишвар бевосита ба худи шумо - ҷавонон вобаста аст. Шумо бояд фирефтаи таблиғоти бадхоҳони миллати тоҷик нагардед, аз ҷиҳати сиёсӣ ҳушёр, огоҳу зирак ва бедору солимфикр бошед.

Ин гарави ободии Ватану осудагии кишвар, шарти муҳими тинҷию амонии мамлакат, омили асосии беҳшавии зиндагии наслҳои имрӯзу оянда ва пойдории амнияти ҷомеа ва рушду шукуфоии Тоҷикистони азизу соҳибистиқлоли мо мебошад.

Шумо - ҷавонон барои тақдири имрӯзу ояндаи давлату миллат, рушду ободии мамлакат, дар арсаи ҷаҳон ва миёни давлатҳои мутамаддини олам мақоми шоиста ёфтани Тоҷикистони азиз масъулияти бузург бар дӯш доред.

Шумо - ҷавонон бояд бо набзи ҳаёт ва асри нав ҳамқадам бошед, талаботи замонро пайваста эҳсос намоед, аз дастовардҳои илму техникаи муосир қафо намонед, аз таҷрибаи пешбурди иқтисоду идоракунӣ воқиф гардед, манфиати миллату амнияти давлати соҳибистиқлоли худро дар раванди пурталотуми бархӯрдҳои ҷаҳонӣ ҳимоя карда тавонед.

Шумо - ҷавонон идомадиҳандаи таъриху фарҳанги қадимаи Ватани худ, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав, эҷодкори тақдири имрӯзу ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошед.

Итминон дорам, ки ҳар кадоми шумо чун фарзанди асил барои таъмини истиқлолияти озуқаворию энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар, рушди устувори иқтисодиёт ва пешрафти Тоҷикистон заҳмат кашида, Ватани азизи худро ба кишвари мутараққӣ табдил хоҳед дод.

Имрӯз халқи тоҷик ва ҳамаи мо боварии комил дорем, ки шумоҷавонон ин масъулияти бузурги таърихӣ ва қарзи пурифтихори фарзандии худро сарбаландона адо хоҳед кард.

Бигузор ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбаранда илҳомбахши кору пайкор, ворисони арзандаи миллату давлат ва тақдирсози роҳи имрӯзу ояндаи Тоҷикистон бошанд!

Бигузор ҷавонон парчами ваҳдати миллӣ, сулҳу амнияти пойдор ва азму иродаи созандагию бунёдкориҳоро баланд афрохта, дар сафи пеши созандагони тақдири Ватан қадам гузоранд!

Бигузор ҷавонони мо бо Ватан, миллат, забон ва ниёгони сарбаланди хеш ифтихор намоянд ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, тамомияти арзӣ ва амнияту осудагии Тоҷикистони азизу ягона мақсаду мароми зиндагӣ ва ормонҳои волои онҳо гарданд!

Бо ҳамин дуои хайру нияти нек ҳамаи шуморо ба рӯзи ҷавонони мамлакат бори дигар табрик гуфта, ба тамоми ҷавонони бонангу номуси кишвар ва кулли мардуми Тоҷикистони азизамон осмони соф, сулҳу оромӣ, тинҷию амонӣ, файзу баракат, умри дароз, саломатӣ, бахту иқбол, азму иродаи қавӣ ва сарбаландӣ орзу менамоям.

Бахту саодат ва комёбиҳо ёратон бод!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520