11 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Британияи Кабир Тони Блейр ба муносибати иди миллии кишвараш барқияи табрикӣ ирсол дошт, ки дар он аз ҷумла омадааст:
"Бо майли том мехоҳам ба Шумо табрикоти самимии хешро ба муносибати иди миллии кишвари Шумо бирасонам.
Аз ин фурсат истифода бурда, манфиатдории моро дар рушди мунтазами ҳамкориҳои гуногунҷабҳа бо кишвари Шумо бори дигар таъкид мекунам.
Муътақидам, ки бо талошҳои муштарак мо аз тариқи тавсеаи соҳаҳои он ба ҳамдастии байни Тоҷикистон ва Британияи Кабир такони нав хоҳем бахшид
Муҳтарам ҷаноби Сарвазир, ба Шумо саломатӣ, саодатмандию муваффақият ва ба мардуми Британияи Кабир сулҳу ободӣ таманно менмоям".