16 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи беруназшаҳрии худ дар мавзеи Пуғуси ноҳияи Варзоб Президенти Бонки Аврупоии таҷдиду тараққиёт Жан Лемерро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Аврупоии таҷдиду тараққиёт баррасӣ шуданд.
"Тайи солҳои охир дастовардҳои иқтисодию молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас гардиданд", - гуфт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ёдрас шуд, ки таваррум ба сатҳи 5-6 фоиз ва маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 10 фоизи солонаро ташкил медиҳад.
Тавре дар ҷараёни вохӯрӣ таъкид гардид, яке аз омилҳои асосии пешрафти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои мусоиди ҷалби сармоя, ташкили корхонаҳои муштараки истеҳсолу коркард ва ҳамкорӣ бо ширкатҳои бонуфузи хориҷӣ дар мавриди азхудкунии захираҳои фаровони гидроэнергетикию металлургияи рангаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ҷонибҳо барномаи қарздиҳии хурди Бонки Аврупоии таҷдиду тараққиётро, ки дар ҳамдастӣ бо бонкҳои тиҷоратии маҳаллӣ амалӣ шуда истодааст, ибтидои марҳилаи нави вусъати ислоҳоти иқтисодию иҷтимоӣ ва фаъолияти самарабахши бонкӣ маънидод карда, изҳори боварии комил намуданд, ки он натиҷаҳои неку бобарор хоҳад овард.
Дар мулоқот доир ба рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва саҳмгирӣ дар марҳилаи барқарорсозии иқтисодиёти Афғонистон таклифу пешниҳодоти судманд баён гардид.