Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар Ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии мамолики аъзои ЕврАзЭС

22.06.2005 12:00, Русия

22 июн дар пойтахти Федератсияи Россия дар толори  Екатеринаи муқаддаси Қасри Кремл мулоқоти хосаи Сарони мамолики узви ЕврАзЭС - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Қурмонбек Боқиев ва ба ҳайси мушоҳид  Президенти Ҷумҳурии Арманистон Роберт Кочарян баргузор шуд.

Дар вохӯрӣ, ки таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев баргузор гардид, муҳимтарин масъалаҳои  ҳамкориҳои бисёрҷониба ва рӯзномаи кории ҷаласаи навбатии Шӯрои байнидвалатии ЕврАзЭС муҳокима шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бобати фарогирии масъалаҳои ҳамкорӣ ҷиҳати  истифодаи  мақсадноку ба кулли мамолики аъзои ЕврАзЭС  манфиатбори захираҳои гидроэнергетикӣ ва инкишофи ҳамкориҳои минтақавӣ ва ба рӯзнома ворид намудани  онҳо таклифҳои мушаххас пешниҳод кард, ки аз тарафи  Сарони кишварҳо ҷонибдории комил пайдо намуд.

Ҷаласаи Шӯрои байнидавлатӣ бо иштироки  роҳбарони олимақоми  мамолики аъзои ЕврАзЭС ва ҳайатҳои ҳукуматӣ дар толори Александри Қасри Кремл ба кори худ шурӯъ намуд.

Дар ҷаласа масъалаҳои вазъи кунунии равандҳои ҳамгироӣ дар Иттиҳоди иқтисодии ЕврАзия, дар бораи ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои қаблан қабулшуда, консепсияи ҳамкории кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии ЕврАзия дар соҳаи асъор, лоиҳаи  тартиби  мувофиқасозии нишондодҳои макроиқтисодии рушди иқтисодии кишварҳо,  нақшаҳои корӣ ва самтҳои афзалиятноки инкишофи ЕврАзЭС барои солҳои  2005-2006 ва солҳои минбаъда, ҷараёни кори татбиқи функсияҳои банки байнидавлатии ташкилоти инвеститсионию кредитӣ ва муҳосибӣ мавриди баррасӣ ва муҳокимаи тӯлонӣ қарор гирифтанд.

Дар ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  суханронӣ карда, диққати  ҳозиринро ба масъалаҳои вобаста ба густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, тезонидани раванди таъсиси тарифи умумии гумрукии Иттиҳоди  иқтисодии ЕврАзия, ҳамроҳшавии ЕврАзЭС ба ташкилоти ҷаҳонии савдо ва ҳамдастии мамолики аъзои ЕврАзЭС бобати азхудкунии захираҳои обӣ ҷалб кард. Ба андешаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ташкили бозори ягонаи мол, нерӯи корӣ, сармоя ва хизматрасонӣ,   иттиҳоди асъорӣ ва инфраструктураи  муосири молиявӣ талаби рӯз ва хоҳиши сокинони мамолики узви ЕврАзЭС мебошад.

Сарвари давлати Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки бо мақсади  таъмини  талаботи аҳолии кишварҳои узви ЕврАзЭС ва мамолики ҳамсоя, ба хусус Афғонистон афзун гардонидани  истеҳсоли нерӯи арзони барқ  ба андозаи 20 миллиард киловатт-соат дар як сол,  дар ҳамин замина обёрӣ намудани бештар аз 2 миллион гектар заминҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон аз тадбирҳои афзалиятноку зарурианд. "Татбиқи амалии онҳо ба вусъати раванди барқарорсозии иқтисодии Афғонистон, ҳалли мушкилоти  иқтисодию иҷтимоии ҳамкориҳои минтақавӣ мусоидат хоҳад кард", - афзуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Пешниҳодоти Сарвари давлати Тоҷикистон аз тарафи кулли Сарони мамлакатҳои узви ЕврАзЭС ҳамчун иқдоми  фарогири манофеи умумии кишварҳо бо қаноатмандӣ ҷонибдорӣ пайдо кард.

Дар хатми ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Қурмонбек Боқиев ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ҳуҷҷатҳои муҳимми ҳамкорӣ, аз ҷумла Созишномаи ҳамкорӣ дар ҷодаи ташкили бозори ҳамгироии асъори мамолики  узви ЕврАзЭС ва созишнома дар бораи  ҳамдастии муштараки хадамоти сарҳадии кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии ЕврАзия ҳангоми рух додани ҳолатҳои буҳронӣ дар сарҳадоти беруниро имзо карданд.

Раиси нави Шӯрои байнидавлатии ЕврАзЭС Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко интихоб гардид. Ҷаласаи  навбатии Шӯро моҳи июни соли 2006 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус баргузор хоҳад шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520