26 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи беруназшаҳрии худ дар мавзеи Пуғус бо Маликаи Урдун хонума Нур, ки бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, мулоқот намуд.
Мавриди зикр аст, ки ин дуюмин сафари Малика Нур ба Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барномаи кории он хеле пурмӯҳтавою фарогири бахшҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа, аз қабили маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ мебошад.
Тавре дар сӯҳбат тазаккур дода шуд, дар марҳилаи навини инкишофи ҷомеаи Тоҷикистон баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқии шаҳрвандон дар мавриди тарғиби рӯзгори солим, иштироки занон дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятӣ ва соҳибкории хурду миёна амри заруриву саривақтӣ мебошад.
Малика Нур ба талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, дастгирии эҳтиёҷмандону ниёзмандон, додани имтиёзҳои гуногун ба табақаҳои камбизоати аҳолӣ ва пуштибонии амиқи бахшҳои хусусӣ баҳои баланд дода, таъкид кард, ки тамоми имкониятҳои худро баҳри даъвати созмону ташкилотҳои байналмилалӣ барои дастгирии барномаҳои стратегии марҳилаи гузариш ба сохти нави тараққиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон равона месозад.
Сӯҳбат дар фазои созанда ва ҳусни тафоҳум ба анҷом расид.