9 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон унвонии Президенти Ҷумҳурии Аргентина Нестор Карлос Каршнер барқияи табрикӣ ирсол дошт, ки дар он аз ҷумла омадааст:
"Бо камоли майл ба Шумо ва мардуми дӯсти Аргентина табрикоти хешро ба муносибати иди миллии кишваратон баён менамоям.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори рушди минбаъдаи ҳамкории байни ду кишвари мо мебошад.
Ҷаноби Президент, ба Шумо саломатии бардавому саодатмандӣ ва ба мардуми Ҷумҳурии Аргентина таманнои сулҳу ободии моро лутфан қабул фармоед".