2 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Арабистони Саудӣ Абдулло ибни Абдулазиз Оли Сауд барқияи тасаллият фиристод, ки дар он омадааст:
"Хабари фавти Аълоҳазрат, Ходими Ҳарамайни Шарифайн, Подшоҳи Арабистони Саудӣ Фаҳд ибни Абдулазиз Оли Саудро бо андӯҳи амиқ дарёфтам.
Подшоҳ Фаҳд яке аз ходимони барҷастаи сиёсии даврони мо буд. Ӯ барои таҳкими ҳамбастагӣ ва инкишофи минбаъдаи олами ислом кӯшиши зиёде ба харҷ дод. Дар замони ҳукмронии ӯ равобити ҳасанаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ рушди тозае касб намуданд.
Хоҳишмандам Аълоҳазрат, ҳамдардии самимии моро нисбати фавти Аълоҳазрат Ходими Ҳарамайни Шарифайн, Подшоҳ Фаҳд ибни Абдулазиз Оли Сауд қабул фармоед. Худованди мутаъол ӯро тариқаи раҳмат ва шоистаи ҷаннат гардонад".