15 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Корея Но Му Хен барқияи шодбош фиристод, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:
"Шумо ва тамоми халқи Кореяро ба муносибати иди миллии мамлакататон бо камоли қаноатмандӣ ва аз самими қалб табрик намуда, орзуҳои беҳтарини худро баён менамоям.
Шуморо дилпур месозам, ки мо тайёрем ҳамкории минбаъдаи мамлакатҳоямонро боз ҳам бештар равнақу ривоҷ диҳем. Боварии комил дорам, ки мо якҷоя метавонем аҳду паймонҳои зимни сафари ба қарибӣ дар мамлакати зебои Шумо анҷомёфтаи ман ба даст омадаро амалӣ сохта, дар роҳи равнақу ривоҷи ҳамкории кишварҳоямон қадамҳои устувор гузорем.
Ҷаноби Аълоҳазрат, аз ин фурсати мусоид истифода бурда, ба Шумо саломатӣ, хушбахтӣ, барори кор ва ба халқи бо мо дӯсти Ҷумҳурии Корея сулҳу ободӣ ва рӯзгори фараҳмандона орзу менамоям".