Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб

19.08.2005 19:00, шаҳри Кӯлоб

Баъди шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Восеъ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шоми ҳамон рӯз ба шаҳри Кӯлоб омад.

Дар даромадгоҳи шаҳри Кӯлоб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарони шаҳру навоҳии вилояти Хатлон, собиқадорони ҷангу меҳнат ва дигар табақаҳои аҳолӣ истиқбол намуданд.

Яке аз иншооти дигари марказии ҷашни 2700-солагии шаҳри Кӯлоб Кохи "Ҳунармандон" дар Боғи миллии Сомонӣ мебошад. Дар ин ҷо барои гузаронидани чорабиниҳои муҳимми фарҳангӣ беш аз 8 200 ҷои нишаст, маркази савдо ва хизматрасонӣ, толорҳои махсус барои фаъолияти ҳунармандон бунёд мешавад.

Сарвари давлат ба сифати баланди кор диққати масъулинро ҷалб сохта, дастур дод, ки то 20 августи соли 2006 иншоот комилан мавриди истифода қарор гирад.

Майдони варзишии шаҳр низ то 20 августи соли 2006 пурра таҷдид меёбад, ки он дорои беш аз 25 ҳазор ҷойи нишаст хоҳад буд. Тантанаҳои асосии таҷлили 2700 солагии шаҳри бостонии Кӯлоб дар ҳамин варзишгоҳ баргузор мешаванд.

Дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ дар шаҳри Кӯлоб китобхонаи вилоятии ба номи устод Садриддин Айнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аснои сӯҳбат бо масъулини китобхона ваъда дод, ки аз ҳисоби шахсии худ барои ғанӣ гардонидани ин хазина китоб мефиристад. Сарвари давлат ҷиҳати таъмини китобхона бо компютер ва пайваст шудан бо шабакаи ҷаҳонии интернет раҳбарияти китобхонаро вазифадор намуд.

Дар бунёди иншооти ҷашнии шаҳри Кӯлоб нақши соҳибкорон хеле зиёд аст. Хонаи бахт бо дастгирии соҳибкорони вилояти Суғд қомат афрохт. "Соли оянда Шумо дар қатори меҳмонони ифтихории ҷашни 2700-солагии шаҳри Кӯлоб хоҳед буд", - гуфт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми вохӯрӣ бо соҳибкорони вилояти Суғд.

Баъди буридани лентаи рамзӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷо маросими расмии сабти ақди никоҳи ду ҷуфти хушбахт ва супоридани шаҳодатномаи тифли навзод Раҳмонов Эмомалӣ Раҳмоналиевич баргузор гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оилаҳои ҷавону саодатмандро шодбош гуфта, ба ҳар се оила тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард.

Барои фарзандони сокинони маҳаллаи Содиқов ва кӯчаҳои атроф имсол соли фаромӯшнопазир буд. Бахусус барои Моҳитобони шашсола, ки маҳз бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шифо ёфта, ба мактаби навбунёд қадам мегузорад. Ин мактаби замонавӣ дар макони корхонаи кӯҳнаи хишти шаҳри Кӯлоб бунёд гардид. Мактаб дар ду баст бештар аз 1300 нафар толибилмро қабул хоҳад кард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо синфхонаҳои муҷаҳҳаз, компютер, воситаҳои зарурии хониш, толори барҳавои варзишӣ ва ошхонаи мактабӣ дар ҳавлии бино бо муаллимону шогирдон сӯҳбати тӯлонӣ дошт. Аҳли мактаби нав барои ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат сипосгузорӣ намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагиҳои кишоварзӣ низ бо деҳқонон сӯҳбат дошт. Имсол натиҷаҳои меҳнатии кишоварзон аз солҳои гузашта беҳтару бештар хоҳад буд.

Дар доираи барномаи омодагӣ ба ҷашни 2700 солагии шаҳри Кӯлоб азнавбарқароркунии мақбараи Орифи бузург - Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо бунёди гумбадҳои заррин идома дорад. Баъди зиёрати мақбараи ин мутафаккири бузурги Шарқ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни тадбирҳои созанда дар дигар иншооти ҷашнӣ шинос гардид.

Яке аз иншооти асосии ҷашни 2700- солагии шаҳри бостонии Кӯлоб муҷтамеи меъморӣ мебошад, ки баландии он 41,6 метр буда, ҳамзамон дар канори он осорхонаи калонтарин дар вилоят бунёд мегардад. Сарвари давлат баҳри вусъати корҳо, сифати баланди он ва ҷалби таърихчиёну археологҳои ҷавон аз ҳисоби донишҷӯёну мутахассисон дастур дод.

Мавриди зикр аст, ки дар доираи омодагӣ ба ҷашни 2700-солагии шаҳри бостонии Кӯлоб бо иштироки мутахассисони маҳаллӣ дар муддати хеле кӯтоҳ даҳҳо иншооти хурду бузурги истеҳсолию маишӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ қомат афрохтанд, ки боиси тавлиди ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ мегардад. Танҳо бо бунёди маркази замонавии савдои Раёсати Иттифоки Тоҷикматлубот 2200 нафар бо ҷои кор таъмин гардиданд.

Дар маҷлис доир ба натиҷаҳои нимсолаи аввали соли 2005 бо иштироки роҳбарон ва мутахасссисони вилояти Хатлон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ изҳори қаноатмандӣ кард.

"2700-солагии шаҳри бостонии Кӯлоб дар рӯзҳои гиромидошти 15-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ ва форуми навбатии тоҷикону форсизабонони ҷаҳон таҷлил мегардад, аз ин рӯ бояд дар сатҳи олӣ ҷараён гирад", - афзуд Сарвари давлат ва пешниҳод кард, ки аз 1 сентябри соли 2005 то 1 сентябри соли 2006 12 моҳи ободонию бунёдкорӣ эълон гардад.

Ҳоло дар вилоят татбиқи амалии 5 лоиҳаи инвеститсионӣ, аз ҷумла лоиҳаи барқароркунии шабакаи обрасонии Ёвон, лоиҳаи таҷдид ва сохтмони мактабҳои миёна, лоиҳаи таҷдиди сохтори иҷтимоӣ ва лоиҳаи кӯмаки аввалаи тиббию санитарӣ амалӣ мегарданд. Танҳо дар доираи лоиҳаи таҷдиди сохтори иҷтимоӣ 164 иншоот бо арзиши умумии 6,2 млн доллари ИМА мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Бо истифодаи 7 миллион доллари ИМА маблағҳои грантӣ дар 109 мактаб корҳои барқароркунӣ, муҷаҳҳазгардонӣ ва таъмини китобҳои дарсӣ ба анҷом расонида шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди таҳлилҳои воқеӣ ёдрас шуд, ки ба ҷои 55 миллиону 800 ҳазор сомонӣ ба буҷети вилоят дар нимсолаи аввал 62 миллион сомонӣ ворид шудааст, вале аксарияти шаҳру ноҳияҳои вилоят нақшаи пардохти андози ягонаро иҷро накардаанд. Бақияпулиҳо то 1-уми июли соли ҷорӣ ба 35 миллиону 750 ҳазор сомонӣ расидааст, қарзи корхонаю ташкилот дар назди фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 26 миллион сомониро ташкил дода, аз ҳамин давраи соли гузашта 6 миллиону 790 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Аз рӯи маълумоти оморӣ истеҳсоли равғани растанӣ 120 фоиз, хишт 111 фоиз, қувваи барқ 104 фоиз ва нафт 3 баробар зиёд иҷро гардидааст. Ба ҳар ҳол вазъи саноат беҳбудӣ мехоҳад, зеро имкониятҳо истифода намешаванд.

"Дар вилоят ҳалли масъалаи ҷамъоварии маблағҳои истифодаи газу барқ, тарҳрезии нерӯгоҳҳои хурди барқӣ ва таъминоти ҳарчӣ бештари барқ ба аҳолӣ зарур ва ногузир аст", - афзуд Сарвари давлат ва гуфт, ки бо мақсади омодагии комил ба фасли сармо таъмини ангишт ба аҳолӣ ва муассисаҳои маорифу тандурустӣ бояд таҳти назорати доимӣ бошад.

Дар вилоят бо дастгирии ҳукумат 5 лоиҳаи сармоягузорӣ бо маблағи умумии 120 млн. доллари ИМА татбиқ шудааст.

Масъулини вазорату идораҳо бобати барқарорсозии фабрикаи пойафзоли шаҳри Кӯлоб, аз ҳисоби бинои нимтайёр мавриди истифода қарор додани мактаби бачагонаи мусиқии шаҳр, таъмиру таҷдиди театри мусиқӣ - мазҳакавии ба номи С. Вализода, бунёди толори расмии қабули меҳмонони ҷашнӣ, ки минбаъд ба аҳолӣ хизмат хоҳад кард, аз 36 нафар ба 120 нафар расонидани шумораи коргарони корхонаи заргарӣ тариқи таъмини он бо тилло ва нуқраи истеҳсоли худӣ, таҷдиду навсозии сатҳи байналмилалии роҳи мошингарди Душанбе - Кулоб, афзун гардонидани ҳаҷми маблағ ва имкониятҳои қарзҳои хурд ба эҳтиёҷмандон муваззаф гардиданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520