Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ Президенти Ҷумҳурии Молдова Владимир Воронин

27.08.2005 09:00

27 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Молдова Владимир Воронин барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он омадааст:

"Ба муносибати рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Молдова ба Шумо ва ҳама мардуми ба мо дӯсти кишваратон табрикоти самимӣ баён намуда, беҳбудиву шукуфоӣ таманно мекунам.

Мо аз рушди бемайлони ҳамкориҳои Тоҷикистону Молдова, ки ҷавобгӯи манфиатҳои ҳарду давлат ва мардум аст, қаноатмандем.

Боварии комил дорам, ки бо ҷаҳду талоши муштарак мо ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи ҳарду кишвар такони нав мебахшем.

Бо истифода аз ин фурсати муносиб ба Шумо Владимир Николаевичи мӯҳтарам саломатию комёбӣ ва ба мардуми дӯсти Молдова осоишу шукуфоӣ орзу мекунам".

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520