Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар зиёфати кории анҷумани бахшида ба «Ноил гардидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола дар Осиё»

13.09.2005 09:00, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Ҷанобони аълоҳазрат!
Хонумҳо ва ҷанобон!

Пеш аз ҳама ба ташкилкунандагони анҷуман барои даъваташон ва додани имконияти суханронӣ дар ҳузури шумо изҳори сипос менамоям.

Муҳокимаи масъалаҳои ба даст овардани Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола дар қитъаи калонтарини ҷаҳон хеле муҳим аст. Бояд гуфт, ки дараҷаи пешрафти минтақаҳои қитъаи Осиё аз ҳамдигар фарқи калон дорад. Дар ин ҷо баробари мамлакатҳои мутараққӣ, ки сатҳи зиндагии мардуми онҳо хеле баланд аст, теъдоди давлатҳо ва минтақаҳо низ зиёд аст, ки ҳамарӯза бо проблемаҳои душвори дорои хусусияти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мувоҷеҳ мегарданд. Дар ин бобат Осиёи Марказӣ минтақаи нисбатан қобили таваҷҷӯҳ мебошад.

Қашшоқӣ, бекорӣ, аз ҷиҳати иҷтимоӣ хеле суст ҳифз карда шудани қисми зиёди аҳолӣ на танҳо имконияти моро дар бобати рафъи ин душвориҳо маҳдуд месозад, балки чи тавре ки воқеаҳои ба қарибӣ дар минтақа рухдода нишон доданд, ба амният мустақиман таъсири манфӣ мерасонад.

Таҳлили ин воқеаҳо нишон медиҳад, ки ҳал нашудани проблемаҳои мазкур дар оянда ҳам манбаи асосии вазъияти бесубот ва муташанниҷ мегардад. Ин дар навбати худ дар шароити аҳамияти умумибашарӣ пайдо кардани проблемаҳои замони ҳозира на танҳо ба вазъияти минтақаи мо, балки ба вазъияти қисми зиёди мамлакати ҷаҳон таъсири манфӣ расонда метавонад. Давлатҳои Осиёи Марказӣ дар чунин шароит ба дастгирии амалии ҷомеаи ҷаҳон ниёзманданд, ки ҳадафи он бояд осонтар сохтани душвориҳои давраи гузариш ва ба даст овардани рушди устувор бошад.

Аз ин гуфтаҳо чунин хулоса баровардан мумкин нест, ки мо дар интизории кӯмаки берунӣ хотирҷамъ нишаста бошем. Дар мисоли Тоҷикистон гуфтан мумкин аст, ки дар натиҷаи тадбирҳои самарабахши ҳукумат ва ҳамкории муфид бо ҷомеаи ҷаҳон, пеш аз ҳама СММ ва созмонҳои байналхалқии молиявӣ ба пешрафти бузург ноил гардидан мумкин аст.

Сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон аз оғози амалӣ сохтани нақшаи стратегии паст кардани он дар давоми чанд соли охир аз 83 то 61 фоиз паст карда шуд. Дар давоми солҳои охир ҳар сол ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти умумии дохилӣ 10 фоиз афзуд. Вале мо равшан тасаввур мекунем, ки дар оғози марҳалаи ибтидоии таъмини рушди устувор қарор дорем.

Мо қаноатмандем, ки кӯшиш ва ҷидду ҷаҳди мо ба таври арзанда дастгирӣ карда мешавад. Дар натиҷа Тоҷикистон дар байни мамлакатҳои дигар ҳамчун мамлакате интихоб шуд, ки дар он талаботи ба даст овардани Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола озмуда мешаванд. Ба ақидаи коршиносон, барои мамлакати мо ҷиҳати ба даст овардани Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола тақрибан 13 миллиард доллар зарур аст. Ин талабот ба қарибӣ дар сатҳи олӣ муҳокима карда шуд. Бинобар ин умед кардан мумкин аст, ки ҷомеаи ҷаҳон моро дар бобати амалӣ сохтани вазифаҳои пешбинишуда дастгирӣ хоҳад кард. Ин моро барои ба даст овардани ҳадафҳоямон дилпур месозад.

Изҳори умед мекунам, ки анҷумани имрӯза ба ҳамаи мо дар бобати ҷустуҷӯ кардан ва ёфтани роҳу усулҳои самарабахши ҳамкорӣ бо мақсади ба даст овардани Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола кӯмак мерасонад. Боварӣ дорам, ки ин ҳуҷҷати муҳим ояндаи наздик дар амал татбиқ гардида, зиндагии шоистаи наслҳои имрӯза ва ояндаро таъмин хоҳад кард.

Ба диққататон ташаккур.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520