Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Фаронса Жак Ширак

11.10.2005 10:00, Франсия

11 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Париж бо Президенти Фаронса Жак Ширак мулоқоти созандаю самимӣ ва фарогири масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Фаронсаро анҷом дод.

Имзои созишномаи ҳамдастию ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар соли 2004 ба густариши робитаҳои серҷанбаю бисёрсоҳа такони нав бахшид, - таъкид рафт дар оғози сӯҳбат.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ аз ҳамкориҳои ҳарбию сиёсӣ, тайёр кардани кадрҳои низомӣ, таъминоти артиш ва муассисаҳои олии таълимии соҳа бо эҳтиёҷоти илмию таҷҳизотӣ, ба сатҳи боз ҳам баландтар бардоштани робитаҳои иқтисодиро аз муҳимтарин омилҳои таҳкими муносиботи дуҷониба арзёбӣ кард.

Тарафҳо дар мавриди таъсиси Шӯрои ҳамкорӣ бо комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодӣ ҳамфикр буданд. "Ҳанӯз имкониятҳои истифоданашудаи ҳамкорӣ хеле зиёданд ва амалӣ сохтани онҳо ба манфиати ҳар ду ҷониб хоҳад буд", - тазаккур дода шуд дар мулоқот.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Фаронса Жак Ширак аснои таваҷҷӯҳ ба масъалаҳои вусъати муборизаҳои муштараки ҷаҳонӣ алайҳи терроризму экстремизм ва омили таъминкунандаи заминаи молиявии он - гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор вусъати марҳилаи барқарорсозии иқтисодии Афғонистонро аз масъалаҳои аввалиндараҷаи талаби замон маънидод карданд.

Жак Ширак ҳунармандони тоҷикро бо ордени "Санъат ва суханварии Фаронса" мушарраф гардонид.

Бори нахуст дар таърихи давлати Фаронса бо ташаббуси шахсии Президент Жак Шерак чор нафар ҳунармандони шинохтаи тоҷик  - Давлатманд Холов, Абдувалӣ Абдурашидов, Соҳиба Давлатшоева ва Ҳақназар Аловатов бо ордени "Санъат ва суханварии Фаронса" мушарраф гардиданд. Ин мукофотҳои олиро Президенти Ҷумҳурии Фаронса Жак Шерак дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шахсан ба ҳунармандони тоҷик тақдим кард.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520