Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо роҳбарият ва намояндагони Ассотсиатсияи соҳибкорони Фаронса

11.10.2005 16:00, Франсия

11 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба қароргоҳи марказии ширкати овозадори Фаронса "Медиф - интернешнл" омад.

Дар ҷараёни вохӯрӣ бо роҳбарият ва намояндагони Ассотсиатсияи соҳибкорони Фаронса, ки дар рӯҳияи озоду созанда ва самимона гузашт, ҷонибҳо дар мавриди ба роҳ мондани робитаҳои доимии аҳли тоҷирону соҳибкорон, таҳкими воридоту содирот, бунёди корхонаҳои муштараки коркард ва саҳмгузорӣ дар лоиҳаҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули назари судманд намуданд.

Ба ақидаи Сарвари давлати Тоҷикистон таваҷҷӯҳи соҳибкорону сармоягузорони хориҷӣ ба лоиҳаҳои стратегии соҳаи  гидроэнергетика бештар мегардад, зеро амалисозии онҳо на танҳо ба манфиати пешрафти иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки омили муҳимми ривоҷи ҳамкориҳои минтақавӣ, қабл аз ҳама қувват гирифтани раванди барқарорсозии иқтисодии Афғонистон бо тавлиди миллионҳо ҷойҳои нави корӣ ва бо ҳамин васила аз фаъолияти  таҳдидбори истеҳсолу интиқоли маводи мухаддир ба корҳои бунёдкорӣ ҷалб намудани мардуми ин кишвари азиятдида хоҳад буд.

"Ба нерӯи барқи арзон дигар мамолики ҳамсоя эҳтиёҷи зиёд доранд ва дар ин ҷода миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор давлатҳои ҳамсоя лоиҳаи бунёди хати интиқоли барқ омода шуда истодааст", - ёдрас шуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Соҳибкорони Фаронса ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷчӯҳи шахсӣ ва мусоидат барои ҳамкориҳои дуҷониба ва таклифу пешниҳодоти пурарзиш супосгузорӣ намуда, изҳор доштанд, ки тариқи ташкили мулоқоту вохӯриҳои мунтазам бо ҳамкасбони тоҷикистонии худ дар таҳкими робитаҳои серҷанбаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Фаронса саҳми сазовор хоҳанд гузошт.

Сипас роҳбарони як қатор вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ, ки дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ҳамроҳӣ мекарданд, бо намояндагони доираҳои соҳибкории Ҷумҳурии Фаронса мулоқоту вохӯриҳои дуҷониба анҷом доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520