Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз қароргоҳи отряди сарҳадии гарнизони ҳарбии Хоруғ

02.11.2005 09:00, шаҳри Хоруғ

2 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз қароргоҳи отряди сарҳадии гарнизони ҳарбии Хоруғ, ки ба наздикӣ сарҳадбонони Россия ба марзбонони Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супурда буданд, дидан карда, бо шароити буду боши ҳайати шахсии қисми низомӣ, аҳволи маишӣ ва заминаи моддию таълимии он аз наздик шинос шуд.

Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи хобгоҳҳо, ошхона, хонаҳои омодакунии либос, синфхонаҳои қисми низомӣ ошно гардида, баҳри боз ҳам беҳтар намудани шароити зарурӣ ба роҳбарияти Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатӣ дастуру супоришҳо дод.

Дар сӯҳбат бо ҳайати шахсии қисми ҳарбӣ Сарвари давлат онҳоро ба арафаи иди саиди Фитр ва рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) ҷумҳурӣ табрик гуфта, изҳор дошт, ки ба ҳайси тӯҳфа ба ин қисми низомӣ он рӯзҳои наздик 250 ҳазор сомонӣ аз хазинаи эҳтиётии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сиёсати дифоии давлат ва масоили амнияти кишвар дахл намуда, ҳифзи сарҳади давлатиро вазифаи муқаддас арзёбӣ намуд, бахусус дар ин давраи бисёр пурмасъулияте, ки акнун Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон ҳифзи сарҳадро бо Афғонистон пурра ба зиммаи худ гирифтаанд. Аз ин хотир Сарвари давлат ба масъулин ҷиҳати омода кардани мутахассисони касбӣ дар дохил ва хориҷи кишвар дастуру супоришҳо дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520