Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Супоридани мукофотҳои давлатӣ ба иштирокчиёни чорабиниҳои рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Россия ва Рӯзи Тоҷикистон дар ЮНЕСКО

07.11.2005 14:00, шаҳри Душанбе

7 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиёни чорабиниҳои рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Россия ва Рӯзи Тоҷикистон дар ЮНЕСКО-ро дар Бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи онҳое, ки барои дар сатҳи баланди ташкилию эҷодӣ ба роҳ мондану гузарондани ин чорабиниҳои бузурги фарҳангӣ, ки дар воқеъ аҳамияти зиёди сиёсӣ низ доштанд, арзи сипосу миннатдорӣ намуд.

Зимни суханронӣ ҳамчунин таъкид дошт, ки мо тавонистем фарҳанги волою бостонии мардуми соҳибтамаддуни худро ба оламиён бо симои воқеию арзанда нишон диҳем. Сарвари давлат афзуд, ки ин дастовардҳо аз файзи истиқлол, фазои сулҳу осоиш ва мувофиқ ба талаботи Конститутсияи давлати худ кору фаъолият кардан муяссар мегардад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин тазаккур дод, ки мо бояд истеъдодҳои наву барҷастаи ҷавононро тарбия карда, асарҳои наву тоза ва арзанда эҷод кунем ва минбаъд низ аз захираҳои бепоёни фарҳанги воло босамар истифода бурда, дар эҳё ва афзун намудани анъанаҳои волои фарҳанги ниёгонамон саҳми босазо гузорем.

Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи онҳое, ки дар баргузории ин чорабиниҳо саҳми арзанда гузоштаанд, бо мукофотҳои давлатӣ ва тӯҳфаҳои гаронбаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Аз ҷумла ба 7 нафар унвони "Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон", 13 нафар "Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон", ба нафарони зиёди дигар орденҳои "Исмоили Сомонӣ", "Дӯстӣ" ва "Шараф" дода шуд.

Ба ҳунарпешагони шинохтаи ҷумҳурӣ Рустам Дулоев, Нурулло Абдуллоев, Баҳодур Неъматов, Шарофат Рашидова, Набӣ Ҷалолов, Бурҳониддин Раҷабов, Фирӯз Умаров унвони "Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон", ба ҳунармандони дигари эстрадаи тоҷик Дилором Қурбонова, Парвина Шукруллоева, Сироҷиддин Фозилов, Кибриё Раҷабова, Парвина Юсуфӣ ва Бахтиёр Иброҳимов унвони "Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон" дода шуд. Бо ҳамин унвон ҳамчунин ҳунармандони маъруф Нигина Азизова ва Озода Ашӯрова сарфароз гардонида шуданд.

Оҳангсозону ҳунармандони маъруфи ҷумҳурӣ Толиб Шаҳидӣ, Саидқул Билолов, Қудратулло Яҳёев, Адҳам Холиқов, Ибодулло Машрабов, Қурбоналӣ Нусрати Собир ва бисёр дигарон бо ордени "Дӯстӣ" қадр гаштанд.

Шумораи зиёди дигари ҳунармандон бо ифтихорномаҳои давлатӣ ва тӯҳфаҳои гаронбаҳои хотиравӣ аз қабили телевизор, видеомагнитофон, маркази мусиқӣ, дастгоҳи суратгирӣ, телефонҳои дастӣ ва ғайра сарфароз гардонида шуданд.

Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҳама ҳунармандон барои ёдоварӣ аз ин рӯз ва ифтихор аз чорабиниҳои бузурги фарҳангии дар Россия ва ЮНЕСКО баргузоршуда расми хотиравӣ гирифтанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520