Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар иҷлосияи фавқулоддаи Созмони Конфронси Исломӣ

07.12.2005 12:00, Арабистони Саудӣ

7 декабр бо иштироки Сарони давлат ва ҳукуматҳои 54 кишвари олам дар шаҳри Маккаи Мукаррамаи мамлакати Арабистони Саудӣ иҷлосияи фавқулоддаи Созмони Конфронси Исломӣ ба кори худ оғоз намуд.

Тибқи рӯзномаи иҷлосия дар ҷараёни кори он маҷмӯи васеи масоили муҳимми ҳалталаб дар кишварҳои мусулмонӣ, мақому манзалати дини ислом ва фарҳанги исломӣ дар арсаи ҷаҳонӣ мавриди муҳокимаю баррасӣ қарор гирифт.

Дар иҷлосия баъди суханронии Шоҳи мамлакати Арабистони Саудӣ малик Абдулло ибни Абдулазиз Оли Сауд ва баромади ҳисоботии раиси Созмони Конфронси Исломӣ, Сарвазири Малайзия Абдуллоҳ Аҳмад Бадавӣ, яке аз аввалинҳо шуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд.

"Дар сарзамини муқаддас, дар гаҳвораи дини мубини ислом ҷамъ омадан ва доир гардидани ин анҷумани бошукӯҳро мо - сарварони кишварҳои мусулмонӣ падидаи нек медонем," -таъкид намуд Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суханронӣ ва ба Шоҳи Арабистони Саудӣ Абдулло ибни Абдулазиз Оли Сауд ва ҳама созмондиҳандагони иҷлосияи фавқулоддаи Созмони Конфронси Исломӣ барои фароҳам овардани фазои мусоиди корӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон равандҳои имрӯзаи олами ислом, таъсири онро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, муносибати аҳли башарро ба дини ислому мардуми мусулмон муфассал ва аз ҷиҳати илмӣ асоснок таҳлилу баррасӣ намуда, таклифу дархостҳо ва пешниҳодҳои муассир ворид намуд, ки аз ҷониби аҳли толор бо қарсакзаниҳои бардавом пазируфта шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ақидаи барғалати дар ҷомеаи ҷаҳонӣ маъмулгаштаро, ки дини мубини исломро сарчашмаи ақибмондагӣ ва қашшоқии мусулмонон медонад, комилан рад намуда, изҳор дошт, ки мусулмонон баъди зуҳури дини ислом дар муддати кӯтоҳ ба нерӯи бузургтарини ҷаҳон тадбил ёфта, муддати қариб 300 сол амалан сарнавишти минтақаҳои пешрафта ва стратегии ҷаҳонро муайян карданд ва минбаъд низ нерӯи бонуфузи сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавиии ҷаҳон буданд. Имрӯз низ кишварҳои мусулмонӣ бо такя ба нишондодҳои пешқадами дини мубини ислом ва дар ҳамкории муфиди байниҳамдигарӣ дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг ва иқтисодиёту иҷтимоиёт метавонанд мақоми боз ҳам муассиру барҷаста дар ҷаҳон дошта бошанд, таъкид намуд, Эмомалӣ Раҳмон.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин сиёсати ба дини ислом умумият додан ва ё ба он марбут донистани терроризм, экстремизм ва хушунату зӯровариро сахт маҳкум намуда, иброз дошт, ки террорист дар асли худ миллат, мазҳаб ва Ватан надорад ва душмани худову бандагони ӯст. Барои бартараф намудани чунин андешаю гумонҳои нораво мо ҳама давлатҳои мусулмонӣ бо падидаҳои радикалӣ, экстремистӣ ва террористӣ бояд дар ҳамбастагии зич мубориза барем, чунки ин гуна нерӯҳо аз номи ислом амал намуда, номи неки онро доғдор мекунанд ва манфиатҳои душманону бадхоҳони фарҳанги волои исломиро пиёда месозанд.

Пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи ҳамкориҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва дар робита ба бозсозии баъдиҷангии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ мавриди пуштибонӣ ва дастгирии аҳли толор қарор гирифт.

Мӯҳтавои суханронӣ ва пешниҳодҳои Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар воситаҳои ахбори ҷаҳонӣ васеъ инъикос гардид, ки нишона аз нуфӯз ва обрую эътибори ӯ дар байни роҳбарони кишварҳои мусулмонӣ аст.

Дар хотимаи мулоқоти сарони давлатҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ санади ниҳоии он бо номи рамзии "Баёнияи Макка" қабул гашт.

Дар Баёния таъкид гашт, ки ислом дини мӯътадил буда, таассуб, ифротгароӣ ва ба худ маҳдудшуданро инкор мекунад ва дар ин росто аҳамияти пешгирии афкори носолимро бо воситаҳои имконпазир таъкид мекунад.

Дар мулоқот аҳамияти гуфтугӯи тамаддунҳо бар асоси эҳтироми ҳамдигарӣ ва баробарии миллатҳо барои бунёди ҷаҳоне, ки дар он ҳамбастагию ҳамкорӣ, сулҳ ва боварии мутақобила амри зарурӣ бошад, таъкид гашт.

Зарурати мубориза бо ифротгароӣ, ки дар зери ниқоби дину мазҳаб сурат мегирад ва муколамаи байни дину мазҳабҳо таъкид карда шуд.

Муқаррар шуд, ки баҳри татбиқи амалии қарорҳои созмон, хусусан дар бобати амалӣ гардонидани ҳамбастагии кишварҳои исломӣ дар бартараф намудани ҳолатҳои фавқулодда, офатҳои табиӣ ва таҳдиду хатарҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.

Ҳамчунин зарурати ислоҳоти Созмони Конфронси Исломӣ баҳри фаъолтар намудани сохторҳои он ва баланд бардоштани эътибори онҳо таъкид гашт.

Иҷлосия терроризмро дар ҳама шаклу зуҳуроташ маҳкум кард ва ҳамдилии худро бо давлатҳои аъзои созмон, ки ҳадафи амалиётҳои террористӣ қарор мегиранд, изҳор дошт.

Ҳамчунин тамоми аъмоли террористӣ, зӯроварӣ, тарғибу ташвиқ ва дастгирию маблағгузории онҳоро ҷиноят арзёбӣ намуда, таъкид карда шуд, ки терроризм дин, мазҳаб ва Ватан надорад.

Аз давлатҳо ва муассисаҳои молиявии ҷаҳонию минтақавӣ даъват карда шуд, ки масоили кам ё бекор кардани қарзҳои давлатҳои аъзои Созмони Конфронси Исломиро мавриди омӯзиш қарор диҳанд, то ин ки давлатҳои қарздор баҳри таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ имконияти бештар пайдо кунанд.

Қарор карда шуд, ки тадбирҳои мушаххас барои рушди илмию технологӣ бо мақсади мусоидат ба рушди устувори кишварҳои мусулмонӣ таҳия ва амалӣ гарданд ва дар ин робита аҳамияти амалӣ гаштани қарорҳои Саммити Ҷомеаи иттилоотӣ, ки чанде пеш дар Тунис баргузор гашта буд, баланд арзёбӣ карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520