Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани бинои нави Бонки миллии Тоҷикистон

21.12.2005 12:00, шаҳри Душанбе

21 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими кушодашавӣ ва ба истифода додани бинои нави Бонки миллии Тоҷикистон ширкат намуд.

Саҳни ҳавлии бинои нави Бонки миллии Тоҷикистон, ки дар хиёбони Рӯдакӣ қарор дорад, ба тарзи идона оро ёфта буд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ лентаи рамзиро бурида, ба фаъолияти бинои нави Бонки миллии Тоҷикистон оғоз бахшид ва кулли кормандони онро бо ин рӯйдоди фараҳбахш табрику таҳният гуфт. Сарвари давлат кормандони бонк ва меҳмонони зиёди ба ин муносибат ҷамъомадаро ҳамчунин бо арафаи соли нави милодӣ муборакбод гуфт ва пеш аз оғози соли нави 2006 ба фаъолият шурӯъ намудани бинои нави Бонки миллии Тоҷикистонро фоли нек дар роҳи татбиқи амалии нақшаю ниятҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи иқтисод, саноат, энергетика ва дар маҷмӯъ баҳри баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми шарафманди Тоҷикистон арзёбӣ намуд.

Бинои нави Бонки миллии Тоҷикистон мувофиқ ба талаботи стандартҳои байналмилалии бонксозӣ бунёд гардида, дорои тамоми шароитҳои корӣ барои коргарон ва гузарондани кулли амалиётҳои бонкӣ аст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз утоқҳои корӣ, маҷлисгоҳҳо, коргоҳҳои махсуси амалиётҳои гуногуни бонкӣ дидан намуда, баҳри боз ҳам беҳтару зеботар кардани он як қатор дастуру маслиҳатҳои муфид дод. Аз ҷумла қайд карда шуд, ки Бонки миллӣ ба мисли пули миллӣ, яке аз рукнҳо ва нишонаҳои эътимодбахши давлатдории миллӣ аст.

Бинои нави Бонки миллии Тоҷикистон аз 5 ошёна ва таҳхона иборат буда, масоҳати умумиаш 8400 м2 мебошад. Ҳама 70 ҳуҷраи кории бино бо таҷҳизоти ҳозиразамони электронӣ муҷаҳҳаз гашта, барои 500 нафар корманд пешбинӣ шудааст. Бино ҳамчунин дорои якчанд толори хурду бузург ва маҷлисгоҳи калони аз 100 ҷои нишаст иборат мебошад.

Барои беҳдошти саломатӣ, хуш гузаронидаи вақтҳои холӣ ва истироҳату фароғати кормандони бонк ва меҳмонони он дар бино ҳамчунин толори варзишӣ, нуқтаи хизматрасонии тиббӣ ва ошхонаи ҳозиразамон бунёд гардидааст.

Бинои нави зебою боҳашамати Бонки миллии Тоҷикистон, ки бо тарҳи замонавӣ бунёд ёфтааст, аз ҷумлаи силсилаи меъмории нави пойтахт буда, ба хиёбони марказии шаҳр ҳусни тоза зам намудааст.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520