Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз мактаб-парваришгоҳи № 2 шаҳри Душанбе

24.12.2005 14:00, шаҳри Душанбе

24 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои табрики мактаббачагони бепарастори дорои нуқсони ақлонӣ дар арафаи соли нави милодӣ ба мактаб-парваришгоҳи № 2 шаҳри Душанбе ташриф овард.

Мактаб-парваришгоҳи мазкур барои кӯдаконе, ки аз ятимхонаҳо ва ё дигар ҷойҳо бо нуқсони ақлонӣ фиристода мешаванд, пешбинӣ шудааст. Айни ҳол дар мактаб 80 нафар кӯдаки ба ғамхории давлату Ҳукумат ва шахсони ҳимматбаланд мӯҳтоҷ бо таълиму тарбия ва парасторӣ фаро гирифта шудаанд, ки аз онҳо 50 нафарашон бепадару модар мебошанд. Таълим дар мактаб ба забони русӣ аст, чунки 90 фоизи тарбиятгирандагон русзабон мебошанд.

Ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба фазои идонаи мактаб-парваришгоҳ шукӯҳу шаҳомати хоса зам намуда, ба кӯдакони дӯстрӯ рӯҳу равони тоза бахшид.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди муассисаи махсуси таълимӣ, синфхонаҳо, таҷҳизот, воситаҳои аёнии дарсӣ, толори варзишӣ, хонаҳои хоби мактаббачагони тарбиятгиранда ва дигар ҷойҳо дидан карда, бо шароити таълимию маишии онҳо аз наздик шиносоӣ пайдо намуд ва баҳри боз ҳам беҳтар намудани шароити мактаб ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Бояд тазаккур дод, ки тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рақами 1965 аз 12 ноябри соли равон барои таъмири асосии бино ва ободонии ҳудуди ин парваришгоҳ аз ҳисоби фонди захиравии Сарвари давлат 359 ҳазору 700 сомонӣ ҷудо гашта буд. Бо истифода аз ин маблағ аз ҷониби раёсати сохтмонии "Монолит-2" бинои дуошёнаи мактаб пурра таъмир шуда, системаи обтаъминкунию обпартоӣ, хатҳои нерӯи барқ пурра иваз карда шуд, ҳама синфхонаҳо ва мавзеъҳои онро тармим ва бо мебели нав ҷиҳозонида, барои синфи компютерӣ 5 компютер ва як принтер тақдим карда шуд.

Ҳамчунин аз ҳисоби маоши шахсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағи умумии беш аз 14 ҳазор сомонӣ барои тарбиятгирандагони мактаб-парваришгоҳи мазкур маводи хӯрокворӣ, аз қабили гӯшт, равған, орд, шакар, биринҷ, сабзӣ, картошка, пиёз ва анвои дигари озуқаворӣ ва боз барои ҳар як нафар хонанда як маҷмӯии пурраи либоси зимистона аз сар то ба по харидорӣ шуд, ки имрӯз дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо тақдим гардид.

Ба чанд нафари онҳо либосҳои навро шахсан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пӯшонда, бо дӯстрӯякон аз наздик сӯҳбат намуд ва аз шароити таълимию маишӣ ва ҷараёни дарсомӯзиашон пурсон шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳонаш ба мактаббачагон ҳамчунин тӯҳфаҳои солинавӣ ва шириниҳо тақдим намуданд.

Дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тарбиятгирандагони мактаб-парваришгоҳи № 2 -и шаҳри Душанбе базми бошукӯҳи идона ороста, бо қироати шеърҳои пурмӯҳтаво, рақсу сурудҳои ҷаззобу дилнишин ҳозиринро хаёлан ба олами ширину пурасрори кӯдакӣ бурданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тарбиятгирандагони мактаб-парваришгоҳ, устодону мураббиён ва дигар кормандони онро дар арафаи соли нави 2006-ум табрику таҳният гуфта, барои онҳо дар соли нави оянда бурдборию комёбиҳо таманно намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи апрели соли равон садо дода буд, таъкидан изҳор дошт: "Ҳеҷ гоҳ мо намегузорем, ки ятимону бепарасторон дар танҳоӣ ва бенавоӣ бошанд" ва афзуд, ки имрӯзҳо аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони ҳама мактаб-парваришгоҳҳои ҷумҳурӣ тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим мегарданд. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба муаллимону мураббиёни интернат барои кори хайру савобашон, ки ба ятимону бепарасторон падару модарвор ғамхорию парасторӣ мекунанд, изҳори сипосу миннатдорӣ намуд.

Дар хатми боздид аз мактаб-парваришгоҳ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамагонро бо арафаи соли нави милодӣ табрик гуфта, баҳри боз ҳам беҳтар кардани шароити зист ва заминаи моддию таълимии ин муассисаи махсуси таълимӣ ба масъулини дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар ин ҷо Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадназар Солеҳов, раиси Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангал Абдувоҳид Каримов ва дигар шахсони масъул ҳамроҳӣ намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520