Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар базми пуршукӯҳи солинавӣ барои тарбиятгирандагони мактаб-парваришгоҳҳои шаҳри Душанбе

28.12.2005 14:00, шаҳри Душанбе

28 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи "Ваҳдат"-и пойтахт дар базми пуршукӯҳи солинавие, ки барои тарбиятгирандагони мактаб-парваришгоҳҳои шаҳри Душанбе доир гардида буд, ширкат намуд.

Дар базми солинавӣ 1130 нафар тарбиятгирандагон аз чор мактаб-парваришгоҳи ҳудуди шаҳри Душанбе, ки яке лицей-парваришгоҳи махсуси маъюбони Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аст, ширкат намуданд.

Аз байни ин кӯдакон 127 нафарашон бепадару модар буда, 591 нафар ё падар ё модар надоранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор тарбиятгирандагон тӯҳфаю шириниҳои солинавиро шахсан тақдим намуда, либосҳои зимистонаи барояшон харидоришударо пӯшонд.

Бояд тазаккур дод, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи чанд рӯзи охир ба тарбиятгирандагони ҳама мактаб-парваришгоҳҳои шаҳри Душанбе бо маблағи умумии 231470 сомонӣ як маҷмӯӣ либоси зимистона аз сар то по ва барои мактабҳояшон маводи хӯрокворӣ харидорӣ шуда, аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид.

Ин кори хайр аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар мактаб-парваришгоҳҳо ва хонаҳои кӯдакони ятиму бепарастор дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ анҷом дода мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тарбиятгирандагони мактаб-парваришгоҳҳоро бо соли нави милодӣ табрику таҳният гуфта, изҳор дошт, ки зери сарпарастӣ қарор додани ятимону бепарасторон, маъюбон ва умуман ҳама муҳтоҷон аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон аст.

Кӯдакону наврасон низ бо ҳисси баланди масъулият ва шукргузорӣ аз ғамхорию таваҷҷӯҳи пайвастаи Сарвари давлати Тоҷикистон қавл доданд, ки бо баҳои хубу аъло хонда, саъю кӯшиш мекунанд, то мутахассисони ояндасози Тоҷикистони азиз гарданд.

Сипас аз ҷониби гурӯҳҳои ҳунарии кӯдакону наврасон консерти идонаи бошукӯҳ бо иштироки Бобои барфӣ ва барфак намоиш дода шуд, ки ба аҳли толор писанд омад.

Кӯдакону наврасони ҳунарманд бо рақсу суруд ва шеърҳои дилангез дар васфи Ватан, модар, меҳру муҳаббат, ки саршор аз ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ буд, табъи ҳозиринро болида сохтанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520