Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар намоишномаи арчаи солинавӣ барои кӯдакони пойтахт

29.12.2005 14:00, шаҳри Душанбе

29 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бинои Сирки давлатии Тоҷикистон дар намоишномаи арчаи солинавӣ, ки  барои кӯдакони пойтахт баргузор шуд, ширкат варзид.

Ба намоишномаи арчаи солинавӣ дар бинои Сирки давлатии Тоҷикистон кӯдакону наврасони болаёқат аз мактабҳои пойтахт, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил мекунанд, даъват шуда буданд. Дар базми солинавии мазкур ҳамчунин фаъолкӯдакони боғчаҳои бачагон низ ширкат намуданд.

Ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба фазои идонаи базмгоҳ шукӯҳу шаҳомати хоса ва ба кӯдакону наврасон рӯҳу равони тоза бахшид.

Ба ҳамаи 1900 нафар кӯдакон аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯҳфаю шириниҳои солинавӣ тақдим карда шуд.

Дар намоишномаи солинавӣ бо иштироки Бобои барфию Барфак ҳунармандону ширинкорони наврас аз мактаб-интернати мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ, мактаб-интернати мусиқии ба номи Малика Собирова, ансамбли кӯдаконаи рақсии "Ғунчаҳои пойтахт", гурӯҳи наврасони Сирки давлатии Тоҷикистон, ансамбли кӯдаконаи рақсии "Лаъл" ва ансамбли кӯдаконаи рақсии "Зебо" ҳунарнамоӣ намуданд.

Ширинкориҳои гурӯҳи "Лаҳзаҳои гуворо" ва ҳамчунин ҳунармандону овозхонони хурдсолу умедбахш Рустам Иброҳимов, Меҳрнигори Баҳром ва ҳунарпешагони хурдсоли Сирки давлатии Тоҷикистон ба базми солинавӣ шукӯҳу назокати хоса зам намуданд.

Беш аз ҳама тоҷикдухтарони дорбоз бо ҳунари зебою нотакрор ва нотарсию чолокии худ аҳли толорро ба ваҷд оварданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи кӯдакону наврасон ва дар симои онҳо кулли тифлакони кишварро бо арафаи соли нави милодӣ табрику таҳният гуфта, ба ҳунармандони наврасу ҷавон барои оростани базми дилангези солинавӣ арзи сипосу миннатдорӣ намуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз ҳунарнамоии тоҷикдухтарони дорбоз, ки ҳамаро ба ҳайрат оварданд арзи ифтихор намуд ва изҳор дошт, ки соли нави 2006 саршор аз ҷашну чорабиниҳои бузурги миллӣ аст, аз қабили 15-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ ва форуми тоҷикони ҷаҳон, ки аҳамияти бузурги сиёсию фарҳангӣ доранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯдакону наврасон ва ҷавонони ояндасози Тоҷикистонро ба хониши аъло, ахлоқи намунавӣ ва омодагии ҷиддӣ баҳри истиқболи арзандаи ин ҷашну чорабиниҳо ҳидоят намуд.

Мактаббачагон низ дар ҷавоб бо шукргузорӣ аз ғамхорӣ ва заҳматҳои Сарвари давлат баҳри гулгулшукуфоии ояндаи Тоҷикистони азиз қавл доданд, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, дар таъмини ояндаи дурахшони Ватани худ саҳмгузор мешаванд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520