Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Директори Агентии назорати
давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Салимов Ш.О.



Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Салимов Шерхон Одинаевич Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

ш. Душанбе
10 январи соли 2007
№148

Салимов Шерхон Одинаевич
Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ
ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон


Соли 1957 дар ноҳияи Темурмалик таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1979 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст. Мушовири давлатии адлияи дараҷаи III.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1980 ҳамчун ҳуқуқшиноси Иттиҳодияи "Селхозхимия"-и вилояти Кӯлоб оғоз намуда, пас аз хизмати ҳарбӣ дар вазифаҳои ёрдамчии калони прокурор, муфаттиши калони прокуратураи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, инструктори шӯъбаи мақомоти маъмурӣ ва савдою молия, инструктори шӯъбаи мақомоти давлатӣ ва ҳуқуқии комитети ҳизби коммунисти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, инструктор, мудири шӯъбаи давлатӣ ва ҳуқуқии кумитаи ҳизби коммунисти вилояти Кӯлоб, прокурори ноҳияи Шӯрообод, сардори шӯъбаи кадрҳои Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурори ноҳияи Фрунзе, муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Солҳои 1998-2002 ба сифати прокурори шаҳри Душанбе адои вазифа кардааст.
Моҳи апрели соли 2002 ва феврали соли 2005 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидааст. Аз марти соли 2005 то имрӯз вазифаи Раиси Кумита оид ба қонунияти конститутсионӣ, қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ӯҳда дорад.
Бо орденҳои "Барои хизмат ба Ватан дар Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ" дараҷаи III, Шараф ва 5 медал сарфароз гардонда шудааст.
Оиладор, соҳиби 5 фарзанд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520