Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Алии Абтоҳӣ хеле пурмӯҳтаво буд. Сарвари давлати Тоҷикистон инкишофи робитаҳои дуҷонибаи иқтисодию тиҷоратиро мусбат арзёбӣ намуда, ташрифи қарибулвуқӯи расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Саид Муҳаммад Ҳотамиро ибтидои марҳилаи сифатан созандаи равобити миёни кишварҳо маънидод кард.
Ҷонибҳо ба маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкориҳо, қабл аз ҳама истифодаи захираҳои гидроэнергетикӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, табодули таҷриба дар бахши тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисос ва ҳамкориҳои илмию фарҳангӣ мароқи бештар зоҳир намуданд. Маҳз муносибати неки ҳамсоягӣ, таъриху фарҳанги пурғановати муштарак ва талошу хоҳишҳои амиқи халқҳои ҳарду кишвар сатҳи ҳамкориҳои дуҷонибаро сол то сол қавитару бобарор ва пурсамар мегардонад, таъкид гардид дар мулоқот.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ноиби Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Алӣ Абтоҳӣ ҳамчунин ба масъалаҳои марбути амнияти минтақа ва ҷаҳон ва саҳмгирҳ дар марҳилаи барқарорсозии иқтисодии давлати Афғонистон диққати махсус доданд. Фазои мулоқот созандаву пурмӯҳтаво буд.