Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ҷаласаи сарони давлатҳои иштироккунандаи Созмони ҳамкории Шанхай

17.06.2004 14:00, Узбекистон

Сипас соати 10 пагоҳии 17 июни соли 2004 дар шаҳри Тошканд маҷлиси сарони давлатҳои иштироккунандаи СҲШ оғоз ёфт, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар мулоқот баробари сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай раиси ҳукумати интиқолии Афғонистон Ҳамид Карзай ва намояндаи махсуси Президент, вазири корҳои хориҷии Муғулистон иштирок доштанд.

Дар ин маҷлис перомуни ҳамаи ҷиҳатҳои фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай мубодилаи муфиди афкор барпо гардид. Ба фаъолият ва мақоми созмон баҳо дода, роҳҳои ҳамкории минбаъда муайян карда шуданд.

Сарони давлатҳо масъалаҳои ривоҷи минбаъдаи ҳамкории бисёрсоҳаро дар чаҳорчӯбаи Созмони ҳамкории Шанхай, раёсат дар мақомоти Созмони ҳамкории Шанхай, рӯз ва маҳалли гузаронидани маҷлиси Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар соли 2005 муҳокима намуда, аз рӯи масъалаҳои муҳими байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.

Сарони давлатҳо санадҳои зеринро имзо намуданд: Эъломияи Тошканд аз рӯи натиҷаи иҷлосияи Шӯрои сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай 17 июни соли 2004; Конвенсия дар бораи имтиёзу мансубиятҳои Созмони ҳамкории Шанхай; Созишномаи давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар бораи ҳамкорӣ дар муборизаи зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, фалаҷкунандаи асаб ва ашёи хоми онҳо ва Созишнома дар бораи таъсиси Маркази зиддитеррористии минтақавӣ; Протокол дар бораи ҳамкорию ҳамоҳангсозии фаъолияти Вазоратҳои корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай.

Ҳамчунин «Созишномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Созмони ҳамкории Шанхай дар бораи шартҳои буду боши котиботи Созмони ҳамкории Шанхай дар Ҷумҳурии Мардуми Чин» ва «Созишномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Созмони ҳамкории Шанхай бар бораи шартҳои буду боши сохтори зиддитеррористии минтақавии Созмони ҳамкории Шанхай дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон» имзо шуданд.

Шӯрои сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай «Дар бораи муқаррар намудани рӯзи Созмони ҳамкории Шанхай» ва «Дар бораи тасдиқ намудани низомномаи мақоми мушоҳиди назди Созмони ҳамкории Шанхай» қарор қабул кард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Шӯрои сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай сухан карда, изҳори умед намуд, ки санаду қарорҳои дар Шӯрои сарони давлатҳо қабул гардида ба расидан ба мақсадҳое, ки СҲШ ба хотири онҳо таъсис дода шуда буд, мусоидат мекунад.

Изҳори ақида шуд, ки яке аз самтҳои фаъолияти СҲШ, бешубҳа, бояд муборизаи зидди терроризм, сепаратизм, экстремизм ва хавфи маводи мухаддир қарор гирад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки системаи умумибашарии амалиёти зидди терроризм бо сарварии Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун таҳкурсии асосӣ бояд ба сохторҳои минтақавӣ ва миллӣ такя кунад. Агар дар бораи худи мубориза сухан ронем, - гуфт ӯ, -ин мубориза бояд ҳам зидди терроризм ва ҳам зидди сабабҳое бурда шавад, ки боиси васеъ гардидани фаъолияти ин зуҳуроти номатлуб мегарданд.

Тоҷикистон ҳамчун мамлакате, ки дар маркази ин мубориза қарор дорад, ҷомеаи ҷаҳонро даъват менамояд, ки саъю кӯшишро дар муборизаи зидди қочоқи маводи мухаддир муттаҳид созанд. Мамлакати мо, гуфт Эмомалӣ Раҳмон, аз ин лиҳоз нафақат худро, балки мамлакатҳои дигареро, ки дар роҳи интиқоли маводи мухаддир қарор доранд, муҳофизат мекунад. Таҳдидҳо ва зуҳуроти номатлуби имрӯза ба проблемаҳои ҳалнашудаи иҷтимоӣ, аз ҷумла, бо проблемаҳои бекорию қашшоқӣ алоқаманданд. Бовар кардан мехоҳем, ки барномаи дар чаҳорчӯбаи СҲШ қабулшудаи ҳамкории бисёрҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ ба ривоҷи фаъолият барои зиёд намудани шумораи ҷойҳои корӣ ва рафъи қашшоқӣ мусоидат менамояд.

Қайд шуд, ки дар шароити торафт бештар хушкшавии баҳри Арал ва номусоидии экологии баъзе минтақаҳои Осиёи Марказӣ масъалаи истифодаи оқилонаи захираҳои оби минтақа бо назардошти манфиати ҳар кадом ва ҳамаи давлатҳо ҳарчи бештар муҳим мегардад.

Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи Даҳсолаи байналхалқии амалиёти «Об барои ҳаёт», ки онро Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Тоҷикистон эълон кардааст, моҳи апрели соли оянда якҷоя бо СММ конфронси байналмилалӣ аз рӯи проблемаҳои дарёҳои минтақа доир карданист. Мо умедворем, ки давлатҳои аъзои СҲШ ин ташаббусро фаъолона дастгирӣ менамоянд, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон. Ба ин ташаббус таваҷҷӯҳ доштани онҳо ҳиссаи самарабахше ба кори истифодаи оқилонаи захираҳои обии минтақа мегардад.

Сарони давлатҳо масъалаҳои амнияту оромии минтақа, аз ҷумла Афғонистонро низ муҳокима намуданд. Эмомалӣ Раҳмон ба ин проблема дахл намуда, изҳори умед кард, ки саъю кӯшиши ҷомеаи ҷаҳон ба манзури ҳалли ин проблемаҳо барои муттаҳид гардидани ҷомеаи Афғонистон шароит фароҳам меорад.

Сарони давлатҳо изҳори умед карданд, ки Созмони ҳамкории Шанхай дар натиҷаи саъю кӯшиши якҷояи онҳо ба талаботи замон сари вақт ҷавоби муносиб дода, ба механизми воқеии ҳамкорӣ дар ин минтақаи васеи кураи замин табдил хоҳад ёфт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520