Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи тасаллият ба унвони Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

04.09.2004 18:00, шаҳри Душанбе

4 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он чунин омадааст: «Мардуми Тоҷикистон аз воқеаҳои шаҳри Беслани Осетияи Шимолии Федератсияи Россия, ки дастаи террористони ваҳшӣ дар он кӯдакони бегуноҳро гаравгон гирифтанд, ба дарду алам омада, онҳоро бо хашму ғазаб нафрат мекунанд.

Ин воқеаҳо, ки рӯзҳои охир тамоми аҳли ҷаҳонро ба изтироб овардаанд, бори дигар ҳамаи моро итминон мебахшанд, ки бояд дар муборизаи зидди офати аср, ки бо номи терроризм ёд мешавад, саъю кушишамонро фавран муттаҳид созем.

Тоҷикистон, ки ба қарибӣ ҳамаи даҳшатҳои ин ҳодисаро аз сар гузаронид, имрӯз дар амри дидани чораҳои қатъитарин барои решакан кардани ин ҳодисаи даҳшатовар, ки мафҳумҳои барои инсоният азизу муқаддастарин – ҳаёт, ору номус, оромӣ ва шаъну манзалати одамонро таҳқир кардааст, халқи Русияро чун тамоми мардуми ҷаҳон пурра дастгирӣ мекунад.

Дар ин рӯзҳо Тоҷикистон ҳамроҳи Шумост. Аз Шумо хоҳиш мекунам, ки тасаллият ва ҳисси ҳамдардии қалбии моро ба хешу таборон ва пайвандони онҳое, ки қурбони ин кирдори бераҳмонаи нобахшиданӣ гардиданд, расонед».

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520