Иншооти дигари стратегӣ, ки дар ҳамдасти бо мутахассиони тоҷику эронӣ бунёд мешавад, ин роҳи зеризаминӣ тавассути ағбаи Анзоб аст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Муҳаммад Хотамӣ зимни боздид аз қисмати ҷанубии иншоот бо мутахассион сӯҳбат доштанд. Тавре таъкид ёфт, ҷараёни корҳо самаранок буда, алҳол 50 дарсади корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидааст.
Нақбканон ваъда доданд, ки то охири соли 2005 роҳро мавриди истифода қарор медиҳанд.
Мавриди зикр аст, ки мувофиқи қарордод аз 39 миллион доллари ИМА ҳаҷми маблағи сохтмон ҷониби Эрон 75 дарсади онро ба зима гирифта, 10 миллион доллари он тариқи грант-қарзи бебозгашт пешниҳод мешавад.