Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар мулоқоти ҳаштуми сарони давлат ва ҳукуматҳои кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе

14.09.2004 14:00, шаҳри Душанбе

14 сентябр мулоқоти ҳаштуми сарони давлат ва ҳукуматҳои кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки Роҳбари Ҳукумати Интиқолии Афғонистон Ҳамид Карзай, Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Артур Расизода, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Муҳаммад Хотамӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Дониёл Аҳмадов, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Аскар Акаев, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шавкат Азиз, Сарвазири Ҷумҳурии Туркия Раҷаб Тайин Эрдоган, муовини Раиси Парлумони Ҷумҳурии Туркманистон Реҷеп Сафаров ва Раиси Парламенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Эркин Халилов дар бӯстонсарои ҳукуматӣ ба кори худ оғоз кард.

Баъди пахши суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар таърихи созмон гимни Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ садо дод.

Интихоби якдилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раис аз ҷониби сарони давлат ва ҳукуматҳои узви ЭКО ифодагари афзоиши нуфузи сиёсӣ ва мавқеи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Дар сухани ифтитоҳии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодиро ташкилоти афзалиятбахши ҳамгироии миёни кишварҳо номид.

Дар маърӯзаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  аз пешрафти иқтисодию тиҷоратии миёни кишварҳо изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Ба қавли Сарвари давлати Тоҷикистон гардиши савдои хориҷӣ таи солҳои охир миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар кишварҳои аъзои ЭКО,  аз ҷумла Озарбойҷону Афғонистон, Қирғизистон, Эрон ва Туркия аз 2 то 3 маротиба афзоиш ёфт.

Аз ҳаҷми умумии гардиши моли Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми мамолики узви ЭКО 40 фоизро ташкил медиҳад.

Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки имзои созишномаи тиҷоратии Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ба тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ такони нав хоҳад бахшид.

Дар доираи ЭКО ҳанӯз имкониятҳои истифоданашуда хеле зиёданд, - ёдовар шуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Ба хусус татбиқи ду лоиҳаи энергетикӣ — нерӯгоҳҳои Сангтуда ва Роғун имконияти дар як сол истеҳсоли 18 миллиард киловатт соат нерӯи барқро дорад, ки ба таъмини мамолики аъзои ЭКО бо барқи арзон мусоидат менамояд.

Бунёди пулҳои дӯстӣ, роҳҳои мошингарди ҷавобгӯи талаботи муосир, ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, робитаҳои илмию техникӣ ва фарҳангӣ омилҳои муҳимми вусъатбахши муносиботи бисёрҷабҳаи кишварҳо мебошад, таъкид кард Сарвари давлати Тоҷикистон.

Бо ҷонибдорӣ аз андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Муҳаммад Хотамӣ, Президенти Қирғизистон Аскар Акаев, Роҳбари Ҳукумати Интиқолии Афғонистон Ҳамид Карзай, Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Дониёл Аҳмадов, Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Артур Расизода, Сарвазири Ҷумҳурии Туркия Реджен Тайин Эрдоган, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шавкат Азиз, муовини Раиси Парламенти Ҷумҳурии Туркманистон Реҷеп Сафаров ва Раиси Парламенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Эркин Халилов тазаккур доданд, ки бояд роҳсозӣ яке аз се самти афзалиятноки ҳамкориҳои минтақавии ЭКО бошад.

Дар мулоқот даъват ба амал оварда шуд, ки оинномаҳои Донишкадаи фарҳанг, Хазинаи илмӣ ва Донишкадаи маорифи ЭКО дар мӯҳлати наздиктарин ба тасвиб расонида шавад.

Дар Эъломияи Душанбе, ки аз ҷониби Сарони Давлат ва Ҳукумати мамолики узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ қабул гардид, дурнамои фаъолияти ин ташкилоти бонуфузи иқтисодӣ, зарурати ҳамдастӣ дар истифодаи захираҳои обӣ, рушди тиҷорат, инкишофи шабакаҳои нафту газ, афзоиши маҳсулнокии истеҳсолот, таҳияи стратегияи дарозмӯҳлати саноатӣ ва ҷалби ҳарчӣ бештари сармоя тавассути муассисаҳои байналмилалии молиявӣ тариқи мушаххас муайян гардиданд.

Дар хатми мулоқоти ҳаштуми Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ маросими супоридани ҷоизаҳои ЭКО барои соли 2004 баргузор шуд.

Ҷоизаҳои имсола ба профессор Майрам Акаева дар бахши маориф аз Ҷумҳурии Қирғизистон, профессор Айсел Атимтай дар ҷодаи кишоварзӣ ва экология аз Ҷумҳурии Туркия, профессор Шоҳ Муҳаммад Майвандӣ дар соҳаи илм ва технология аз Афғонистон, Ориф Мир Ҷалол оғлӣ Пашаев аз Ҷумҳурии Озарбойҷон дар бахши илму технология, доктор Аҳмад Ризо Ҷалоли Наинӣ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соҳаи иқтисод, Мухторбой Отелбоев аз Ҷумҳурии Қазоқистон дар соҳаи илму технология, Анвар Садҷод дар бахши таърих, фарҳанг адабиёт ва санъати тасвирӣ аз Ҷумҳурии Исломии Покистон, академик Бобо Сангинов дар соҳаи хоҷагии қишлоқ ва ҳифзи муҳити зист аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Беҳзод Юлдошев дар ҷодаи илму технология аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон сазовор гардиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шарафёбшудагони ҷоизаҳои ЭКО-ро шодбош ва кулли иштирокчиёни мулоқоти ҳаштуми Сарони давлат ва Ҳукуматҳои мамолики аъзои Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодиро барои талошу заҳматҳои амиқи рушди ҳамкориҳои минтақавию байналмилалӣ ва таҳкими мавқеи ЭКО сипосгузорӣ кард. Дар нишасти матбуотӣ барои хабарнигорони сершумори дохилу хориҷ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раиси мулоқоти Сарони давлат ва ҳукуматҳои узви Кишварҳои ЭКО ва дабири кулли Созмон Ашхат Оразбой натиҷаи мулоқоти навбатиро самарабахш арзёбӣ намуданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520