25 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинобар зилзилаи сахт дар Ҷопон ба унвони императори Ҷопон Акихито барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла чунин гуфта мешавад:
«Аз хабари дар мамлакати Шумо рух додани зилзилаи сахт, ки дар натиҷаи он даҳҳо одамон ҳалок шуда зарари калони моддӣ расидааст, хеле ғамгинам.
Хоҳиш мекунам дар ин лаҳзаҳои андӯҳгин тасаллияти маро ба хешу таборон ва пайвандони ҳалокшудагон расонед».