28 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Чехия Ватслав Клаус барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла чунин омадааст:
«Мехоҳам Шумо ва халқи бо мо дӯсти чехро ба муносибати иди миллии Ҷумҳурии Чехия аз номи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан аз ҷониби худ бо камоли қаноатмандии зиёд аз самими қалб муборакбод намоям.
Тоҷикистон сатҳи муносибатҳои байни ҳарду мамлакатамонро ба андозаи зиёд қадр карда ва ният дорад, ки барои амалӣ гардонидани нерӯи ғании ҳамкории барои тарафайн муфиди Тоҷикистону Чехия ҳамаи саъю кӯшиши заруриро ба харҷ диҳад. Аминам, ки мо метавонем аҳду паймонеро, ки дар ҷараёни сафари ба қариби ба мамлакати зебои Шумо кардаам ба даст омад, якҷоя дар амал татбиқ намуда ва бо роҳи густариши ҳамкории ҳар ду мамлакат минбаъд ҳам пеш равем.
Мехоҳам аз ин имконияти фараҳбахш истифода намуда, ба Шумо, мӯҳтарам ҷаноби Президент, саломатии бардавом ва муваффақиятҳо ва ба халқи бо мо дӯсти Чехия беҳбудиву шукуфоӣ орзу кунам».