4 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон унвонии Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай ба истиқболи пирӯзӣ дар интихоботи Раиси ҷумҳури ин кишвар номаи шодбошӣ фиристод, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: Ҷалолатмаоб, Шуморо ба муносибати интихоб шудан ба мақоми олии Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз номи худ ва мардуми Тоҷикистон самимона табрик менамоям.
Таманно дорам, ки раҳбарии сиёсии кишвар дар роҳи таъмини сулҳ, ваҳдат ва ризоияти саросарии миллӣ, бозсозии муваффақона ва ҳамкории васеи минтақавӣ ва байналмилалӣ пайгирона ва содиқона талош намояд. Тоҷикистон мисли пешин барои татбиқи ин аҳдофи воло, рушду густариши минбаъдаи равобит ва саъю ҳамкориҳои дустонаи миёни ду кишвар кӯшиши хешро дареғ нахоҳад дошт.
Орзуманди муваффақияту комёбиҳои шахси Шумо ва саодату сарбаландии мардуми дӯсти Афғонистон мебошам.