Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар маҷлиси Шӯрои Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд»

17.11.2004 11:30, шаҳри Душанбе

17 ноябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Шӯрои Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» баргузор гардид.

Дар суханронии ифтитоҳии Сарвари Давлати Тоҷикистон таъкид ёфт, ки яке аз вазифаҳои асосӣ ва муқаддаси анҷуман ҳифзу гиромидошти арзишҳо, суннатҳои муштараки таърихӣ ва фарҳангии тоҷикону кулли мардумони форсизабон мебошад. Дар ҳамин замина таъсису баргузории ҷашни бошукӯҳи ҳазораи Ҳаким Носири Хусрав, аз ҷониби ЮНЕСКО шоҳкории мероси мусиқии ҷаҳонӣ эълон гардидани «Шашмақом» ва дар сатҳи ҷаҳонӣ вусъат додани таҳқиқот оид ба 2700 солагии шаҳри бостонии Кӯлоб, сазовори ҷоизаи шаҳри сулҳ гардидани Душанбе дар арафаи ҷашни 80-умин солгарди пойтахти Тоҷикистон, аз падидаҳои неку фаромӯшнопазири марҳилаи навини давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол аст, - афзуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Дар маҷлис Раиси кумитаи иҷроияи анҷумани «Пайванд» Абдуқодир Маниёзов, раиси анҷумани Рудакӣ дар шаҳри Париж Масъуди Миршоҳӣ, Раиси ҷамъияти тоҷикони Инглистон Саид Ҷалоли Бадахшонӣ, Раиси ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон Абдуҳалим Раҳимҷонов, узви Шӯрои Анҷуман Алиасғари Шеърдӯст, Мирзо Додохонов муовини сармуҳаррири «Ирано Славика» ва дигарон суханронӣ намуда, пешравиҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистонро натиҷаи талошҳои бурдборонаи халқи шарафманду покниҳоди тоҷик бо сарварии Президент Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ карданд.

Дар маҷлис таъкид ёфт, ки маҳз бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон робитаи кишвари Тоҷикистон бо кулли мамолики сулҳпарвари сайёра устувору қавӣ гардида, заминаҳои қарордодию ҳуқуқии муносиботи иқтисодиву тиҷоратӣ самараҳои неку умедбахш ба бор меоранд.

Аъзои Шӯрои анҷуман бобати ташкилу баргузории тадбирҳои минтақавию ҷаҳонии илмӣ ва фарҳангӣ, ҳамоҳангсозии кори намояндагиҳои анҷумани «Пайванд» дар хориҷи кишвар ва ҳамкорӣ бо марказҳои фарҳангии форсизабонон таклифу пешниҳодоти мушаххас баён дошта, қарорҳои дахлдор қабул карданд.

Аз ҷумла, Шӯрои Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» қарор намуд, ки Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон моҳи сентябри соли 2006 даъват карда шавад. Ҳамчунин бо Қарори Шӯро Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди тамаддуни фарҳангии «Бостон» ба узвияти Анҷуман қабул гардиданд.

Дар хатми маҷлис Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба меҳмонон ҷиҳати саҳмгирии амиқ дар инкишофи фарҳанги волою забони ноби тоҷикию форсӣ ва густариши дӯстиву робитаҳои миёни тоҷикону форсизабонон ва халқҳои дигари ҷаҳон муваффақият орзу кард. Аъзои Шӯрои анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон, ки аз кишварҳои дуру наздики олам ба Тоҷикистон ташриф овардаанд дар тантанаҳои ҷашнӣ ба ифтихори 80-умин солгарди таъсисёбии пойтахти мамлакатамон, шаҳри Душанбе иштирок хоҳанд кард.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520