Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар маҷлиси тантанавба ифтихори 80-солагии пойтахт

19.11.2004 12:00, шаҳри Душанбе

19 ноябр ба ифтихори 80-солагии пойтахт дар Кохи Борбад маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, парламент, роҳбарони вазорату идораҳои мамлакат, сарварони бародаршаҳрҳои Душанбе, намояндагони ҷамъиятҳои яҳудиёни Бухоро аз кишварҳои гуногун, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, корпусҳои дипломатии муқимии Душанбе ва фаъолони пойтахт ҳузур доштанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тамоми сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанберо бо ҷашни мубораки 80-солагии пойтахт сидқан табрик кард. Сардори давлат аз раванди бунёдкорию созандагӣ ва вусъати корҳои ободонӣ дар пойтахти кишвар суханронӣ намуда, зикр кард, ки шаҳрвандони Душанбе ҷашни 80-солагии пойтахтро бо дастовардҳои назарраси иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ, истиқбол менамоянд. Ба ин азму талоши 900 рӯзаи роҳбарияти Ҳукумати шаҳри Душанбе ва сокинонаш шаҳодат медиҳад, афзуд Президенти мамлакат.

Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон роҷеъ ба нақши шаҳри Душанбе дар тавсиаи сатҳи байналмилалӣ, таҳкими сулҳу амнияти минтақа ибрози назар карда, баргузории чорабиниҳои муҳимми сиёсии байналмилалиро дар пойтахт аз баланд гардидани обрӯю эътибор ва нуфузи пойтахти тоҷикон – шаҳри Душанбе дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ намуд. Аз ҷониби созмони байналмилалии ЮНЕСКО дар миқёси кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором бо Ҷоизаи байналмилалии «Шаҳри сулҳ» сазовор донистани шаҳри Душанбе худ таҷассумгари рисолати шаҳрдории тоҷикон аст.

Дар ҷараёни маҷлиси тантанавӣ сарварону намояндагони бародаршаҳрҳои Душанбе, аз ҷумла мири шаҳри Москва Юрий Лужков, мири шаҳри Боулдери ИМА Марк Руззин, мири шаҳри Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон Самад Ризо, мири вилояти Балхи Афғонистон Муҳаммад Юнуси Муқим, ноиби мири шаҳри Бишкек А.Ногаев, муовини ҳокими шаҳри Тошканд Анвар Аҳмадов сокинони шаҳри Душанберо самимона табрик карданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520