Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 80-солагии Прокуратураи Тоҷикистон

24.12.2004 12:00, шаҳри Душанбе

24 декабр бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи Ваҳдати пойтахт ба муносибати 80-солагии Прокуратураи Тоҷикистон ҷамъомади кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии мамлакат баргузор гардид.

Ҳадафи ҷамъомад, - изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ, баррасӣ ва таҳлили вазъи таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, мунфиатҳои ҷомеа ва давлат, инчунин муайян намудани вазифаҳои минбаъдаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии мамлакат мебошад.

Дар маърӯзаи Сарвари давлат таъкид ёфт, ки дар натиҷаи татбиқи амалии нишондоду дастурҳои мулоқотҳои қаблӣ дар солҳои 1999 ва 2002 шумораи умумии ҷинояткорӣ 30,4 фоиз кам шудааст ва дар роҳи таъмини амнияти давлат ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, ҳамзамон таҳкими истиқлолияти давлатӣ саҳми кормандони мақомоти Прокуратура, корҳои дохилӣ, амният, судҳо ва кулли сохторҳои низомӣ бештару устувор мегардад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматҳои содиқонаву софдилона ба кормандони ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва сохторҳои низомӣ изҳори миннатдорӣ кард.

Сарвари  давлат ҳамзамон аз камбудиҳои ҷойдоштаи фаъолияти вазорату идораҳои қудратӣ ёдрас шуда, тариқи далелҳои асоснок масъулинро ошкоро танқид намуд. Ҳамзамон роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ ҷиҳати ислоҳи норасоиҳои ҷойдошта, татбиқи сиёсати тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, фаъолияти дурусти мақомоти нотариалӣ, ҷобаҷогузории одилонаи кадрҳо ва пурзӯр намудани мубориза алайҳи кулли зуҳуроти қонуншиканӣ тариқи мушаххас вазифадор гардиданд.

Ба роҳбарони Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Шӯрои адлия ва Прокуратураи генералӣ ва дигар вазорату идораҳои интизомӣ дастур дода шуд, ки доир ба ҷараёни рафъи камбудиҳои мавҷуда ҳар се моҳ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши хаттӣ пешниҳод намоянд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520