Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз мактаб интернати № 1 – и шаҳри Душанбе

28.12.2004 11:00, шаҳри Душанбе

28 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Соли Нави 2005 ба мактаб интернати № 1 – и шаҳри Душанбе ташриф овард.

Дар мактаб интернати № 1-и шаҳри Душанбе, ки ҳамчун яке аз калонтарин муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ аз соли 1987 амал мекунад, қариб 700 нафар хурдсолон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Роҳбарият, мураббиён ва тарбиятгирандагони мактаб-интернат ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун ифодаи ғамхорию меҳрубонии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихору шодмонӣ истиқбол гирифтанд.

Мавриди зикр аст, ки дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои хариди сару либос ва маводи хонишии хурдсолони мактаб-интернат 52 ҳазору 595 сомонӣ ва мутобиқи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо имзои Сарвари давлат барои таҷдиду навсозии пурраи бинои ин муассисаи таълимӣ 1 миллиону 414 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масъулинро вазифадор намудааст, ки тариқи таъмири асосҳ барои хурдсолон тамоми шароитҳои таҳсилу фароғат, шабакаи гармидиҳӣ, воситаҳои аёнии таҳсил ва толору синфхонаҳои кушоду барҳаворо фароҳам созанд.

Дар истиқболи Соли Нав Сарвари давлат ба хонандагони мактаб-интернат аз ҳисоби хазинаи эҳтиётии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисман аз ҳисоби маоши шахсии худ 700 ҷуфт сару либос, ҳамин миқдор тӯҳфаҳои солинавӣ, мева, инчунин, гӯшт, биринҷ, шакар, равған, картошка, пиёз, сабзӣ, орд ва дигар маводи хӯрока ба маблағи бештар аз 18 ҳазор сомонӣ тақдим кард.

Бешубҳа барои 300 нафар хонандагоне, ки аз шафқату навозиши падару модар бенасиб мондаву аксарияти қисмати боқимонда ё падар ё модари худро гум кардаанд, ин лаҳзаҳо нотакрору хотирмон буданд. Атрофи арчаи солинавӣ рақсу бозӣ карда, хурдсолон хушнудию сарфарозии хешро собит мекарданд. Дар чеҳраҳои онҳо ифтихору шукргузорӣ аз марҳилаи навини бунёду созиш ва пешрафту шукуфоии мамлакат ҳувайдо буд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ҷиҳати таъмини шароитҳои беҳтари таҳсилу фароғат ва хӯроки гарму серғизо, бунгоҳи муҷаҳҳази тиббӣ ва ободонии атрофи мактаб супориш дод.

Сарвари давлат ба хурдсолон дар мавриди аҳамият ва зарурати азхудкунии забони давлатӣ, забонҳои русӣ ва англисӣ, технологияи компютерӣ таъкид карда, зикр намуд, ки ҳукумат барои таҳсил шароитҳои мусоидро фароҳам оварда, аз созандагони фардои ҷомеа эътимодӣ қавӣ дорад.

Хурдсолон бо ифодаи қаноатмандӣ аз меҳрубониҳои Сарвари давлат изҳор доштанд, ки бо дониши хубу аъло ва рафтори намунавӣ дар оянда баҳри саҳмгирӣ дар ободонию пешрафти давлати навини Тоҷикистон талош хоҳанд кард.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520