Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 10-солагии ташкилёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

23.02.2003 12:00, шаҳри Душанбе

23 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни 10-солагии ташкилёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуд.

Чорабинии идона дар майдони марказии "Дӯстӣ"-и пойтахт баргузор гашт. Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев дар бораи тайёрии қисмҳо ва воҳидҳои ҳарбии гарнизони Душанбе барои гузаштани паради ҳарбӣ гузориш дод. Сипас Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиёни паради ҳарбиро табрик намуда, дар назди онҳо вазифаҳои мушаххас гузошт.

 "Имрӯз бо этимоди комил метавон гуфт, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамчун кафили амнияту осоиш, сулҳу суботи кишвар ташаккул ёфта, аз ҳисоби дастпарварони мактабҳои олии кишвар ва муассисаҳои таълими ҳарбии давлатҳои хориҷӣ сафҳои худро мукаммал месозанд. Ҳукумати Тоҷикистон барои боз ҳам баланд бардоштани қудрати мудофиавии кишвар тамоми чораҳои лозимаро меандешад"- зикр намуд Эмомалӣ Раҳмон.

"Гузашта аз ин, Тоҷикистон ки баъди фоҷиаи рӯзи 11 сентябри соли 2001 дар Амрико рӯйдода, узви фаъоли коалитсияи зидди террористӣ мебошад, имрӯз ҳам омода аст, бар зидди чунин падидаҳои нангину хатарноки ҷаҳони имрӯза ба монанди терроризм, экстремизм ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мубориза барад"- таъкид гардид дар ҷамъомад.

Инчунин Президенти кишвар афзуд, ки ҳифзи Ватан, пуштибонии дастовардҳои истиқлолият ва таҳкими сулҳу осоиш барои ҳар яки мо вазифаи муқаддас ва шарафи бузург аст.

"Хизмат кардан ба Ватан, аслан хизмат кардан ба падару модар ва бародарону хоҳарони машғули меҳнати осоишта аст. Зеро Ватан ва миллат ду рукни муқаддасест, ки бидуни онҳо ҳеҷ фард сари баланду ифтихори инсонӣ дошта наметавонад".

Дар фароварди сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистонро табрик гуфта, ба ҳамаи онҳо тансиҳатӣ, хизмати фидокорона ва сулҳу осоиш орзу намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520