Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сафари корӣ ба ноҳияи Данғара

31.08.2016 07:34, ноҳияи Данғара

Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати анҷоми сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сокинони шукргузору ваҳдатсарои ноҳия бо самимияти баланд ва арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни ба нафъи давлату миллат анҷомдодаи Сарвари давлат истиқбол гирифтанд.

Пешвои миллат давоми ин сафар дар ифтитоҳи як қатор иншооти ҳаётан муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ ширкат варзида, дар чорабинии Рӯзи дониш дар Донишгоҳи давлатии Данғара иштирок ва суханронӣ хоҳанд кард.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520