Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи маҷмааи муҳташами варзишӣ дар ноҳияи Данғара

31.08.2016 09:07, ноҳияи Данғара

Дар маркази ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ маҷмааи муҳташами варзиширо ифтитоҳ намуданд.

Сохтмони маҷмааи варзишӣ моҳи марти соли 2012 оғоз гардида, имрӯз бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои таҷлили ҷашни умумимиллӣ 25 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Фармоишгар Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчиён Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фаридун”, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Самар СН” ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Юё” мебошад.  

Барои бунёди иншооти муосири соҳаи варзиш наздики 100 миллион сомонӣ ҷудо гардид.

Маҷмаа аз 4 ошёна иборат буда, масоҳати умумии майдони он 14 ҳазору 253 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ошёнаи якум бо шароити машқу тамрин ва толорҳои баргузории мусобиқаҳои намуди гуштин, каратэ, гуштини тарзи дзюдо ва гимнастика шинос шуданд.

Дар ошёнаи дуюм толори калони варзиши универсиалӣ бо 2 ҳазору 148 ҷой нишаст барои тамошобинон, утоқҳои кори мураббиён ва дигар иншооти ёрирасон омода гардидааст.

Дар ошёнаҳои сеюму чорум бошад, утоқҳои меҳмонони олимақом, доварон, нуқтаи ёрии тиббӣ, толори хурд ва дигар марказҳои фароғатӣ бунёд гардидааст. Идораҳои маъмурӣ, ҷойи либосовезӣ, қаҳвахона, хонаҳои қабули меҳмонон, нуқтаи ташхиси маводҳои допингӣ аз ҷумлаи имконоти дигари муосири ин маҷмааи варзишӣ мебоошад.

Дар ин ҷо ҳамчунин барои шореҳони варзиш утоқҳои махсус бо дастгоҳҳои наворбардорӣ ва таҷҳизоти тақвияти овоз сохта шудааст.

Акнун баъди ифтитоҳи ин муҷтамеи бузурги варзишӣ имкон аст, ки бо истифода аз тамоми шароити замонавӣ, аз ҷумла толорҳои бо таҷҳизоти варзишӣ муҷаҳҳаз ҷавонону наврасон машқ намуда, бозиҳои шавқовар доир намоянд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди соҳаи варзиш, ки муаррифгари давлату миллат дар хориҷи мамлакат мебошад, аҳамияти махсус медиҳад. Маҳз ҳамин таваҷҷуҳ аст, ки варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ иштирок ва шарафи номусу нанги мардуми Тоҷикистонро ҳимоя карданд.

Зимни шиносоӣ аз шароити муҷтамеи варзишӣ, бозии дастаҳои варзишии ноҳияро тамошо карда,  ифтитоҳи ин маркази бошукуҳи варзиширо ба онҳо муборакбод намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати кори сохтмончиён баҳои арзанда доданд ва ба онҳо барои бунёди маркази варзишӣ изҳори сипосу минннатдорӣ намоянд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520