Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар таҷлили Рӯзи дониш, дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил

01.09.2016 09:25, ноҳияи Данғара

Пас аз ифтитоҳи бинои нави Донишгоҳи давлатии Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои милллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи нек дар таҷлили Рӯзи дониш, дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил иштирок ва суханронӣ карданд.

Нахуст Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиёни мулоқот ва сокинони ноҳияи Данғараро бо ҷашни 25 - умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, оғози соли нави хониш ва ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун дар ноҳия муборакбод гуфтанд.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди илму маориф, дастовардҳои соҳа ва ислоҳоти ин соҳаҳо андешаронӣ карда, таъкид карданд, ки  мо дар сиёсати худ аз рӯзҳои аввал ба масъалаи омӯзонидани донишҳои муосиру замонавӣ ба наврасону ҷавонон ва дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, ифтихор аз Ватану ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ ва арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанг тарбия кардани онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоем.

Натиҷаи ҳамин талошҳову тадбирҳост, ки ҷавонони Тоҷикистони бо руҳияи баланд барои омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир беш аз ҳар вақти дигар кӯшиш карда, нерӯи худро бо ташаббусу ибтикороти шоиста барои пешрафту ободии Ватани маҳбубамон сарф карда истодаанд.

Таъкид гардид, ки бо туфайли ислоҳот ва татбиқи барномаҳои давлатӣ то ба имрӯз беш аз 2500 муассисаи таълимӣ аз нав бунёд гардида, ҳазорҳо муассиса аз таъмири асосӣ бароварда, ба шароити муосир мутобиқ гардонида шуданд.

Инчунин пояҳои моддиву техникии муассисаҳо пурқувват гардонида шуда, технологияҳои муосир ба низоми таҳсилот ворид гардиданд ва масъалаи компютерикунонии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар соли ҷашнӣ ба 111 фоиз расонида шуд.

Бо шарофати истиқлолият бори аввал дар кишвар мактабҳои президентӣ таъсис ёфтанд. Ин муассисаҳо аз ҷиҳати лоиҳа, ҷойгиршавӣ, шароити таълиму тарбия, таъминот бо техника ва технологияҳои муосир бартариҳои зиёд дошта, барои кӯдакон ва наврасони болаёқат макони азхуд намудани донишҳои замонавӣ гардиданд.

Маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар зарфи бисту панҷ соли охир 7 баробар зиёд гардида, аз 32 миллион сомонии соли 2011 ба 296 миллион сомонӣ дар соли 2016 расидааст.

Дар охири суханронӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи ҳозиринро бо ҷашнҳои умумимиллӣ табрику таҳният гуфта, ба мардуми меҳнатқарини ноҳияи Данғара саодати зиндагӣ ва хушбахтиҳои беназирро орзу намуданд.

Баъди суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як гуруҳ донишҷуён ва сокинони ноҳия суханронӣ карда, ба Сарвари давлат барои таъмини сулҳу субот, ваҳдати комил, якпорчагии кишвар ва талошҳову тадбирҳо баҳри зиндагии шоистаи мардум изҳори сипос карданд.

Мавриди зикр аст, ки Рӯзи дониш ва дарси сулҳ тавассути ҳамаи шабакаҳои давлатии радио ва телевизион мустақиман пахш карда шуд ва тамоми мардуми кишвар имкон пайдо карданд, ки суханронии Пешвои миллатро дар як вақт бо иштирокчиёни мулоқоти Сарвари давлат тамошо намоянд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520