Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими оғози роҳпаймоӣ ба ифтихори Рӯзи истиқлолияти давлатӣ

09.09.2016 08:09, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Ҳоло, ки дар сарзамини муқаддасу биҳиштосои мо ҷашни истиқлолу соҳибихтиёрӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад, бори дигар сокинони пойтахт ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро бо камоли ифтихору хушҳолӣ ба муносибати биступанҷумин солгарди истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон самимона табрик мегӯям.

Аз саҳифаҳои таърихи миллати тоҷик бармеояд, ки мардуми соҳибдавлати тоҷик дар ҳама давру замонҳо ба хотири ободии диёр, ҳимояи марзу буми он ва раҳоӣ ёфтан аз мушкилот ҳамеша сарҷамъу муттаҳид шуда, Ватани худро соҳибӣ кардаанд ва миллатро аз вартаи парокандагӣ наҷот бахшидаанд.

Бисту панҷ сол муқаддам ҳамаи мо шоҳиди барқарор гардидани адолати таърихӣ дар тақдири халқи созандаи худ шудем, ки чӣ гуна мардуми шарифи Тоҷикистон ба хотири гузоштани пойдевори давлати навини соҳибистиқлолу демократӣ паҳлуи ҳамдигар истода, то ба имрӯз барои пешрафту ободии он содиқонаву софдилона заҳмат мекашанд. 

Воқеан, агар мо аз дидгоҳи имрӯз ба рӯйдоду ҳодисоти бисту панҷ соли сипаришуда назар афканем, мебинем, ки корнома ва азму талоши ободгаронаи сокинони мамлакат то кадом андоза бузург аст.

Дар ин давра ҳар як фарди соҳибмаърифату ватандӯсти кишвар ҷиҳати бунёд намудани давлати пояндаву обод қарзи фарзандии худро сарбаландона иҷро карда истодаанд.

Яке аз беҳтарин намунаҳои заҳмату талошҳои аҳлонаи халқи Тоҷикистон дар давраи истиқлолият барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таҳкиму тақвияти давлату давлатдории миллӣ ва сарҷамъиву ваҳдат мебошад.

Ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватандорӣ нишонаи имондорӣ буда, ҳар як фард бо анҷом додани қарзу рисолати фарзандӣ дар назди миллат ва давлати худ сарбаланд мемонад.

Дар иртибот ба ин, бори дигар таъкид месозам, ки Тоҷикистон сарзамини пурганҷ аст, вале беҳтарин ва қиматтарин ганҷинаи он фарзандони бонангу номусаш мебошанд, ки Ватани худро чун модар дӯст медоранд ва тамоми имконияту нерӯи худро барои ободии он равона мекунанд.

Воқеан, таҷлили ҷашнҳои милливу давлатӣ ва эҳёи суннату анъанаҳои мардумӣ имконият медиҳад, ки наслҳои имрӯза бо асли худ ифтихор намоянд ва бо нерӯи дучанд ба фардои неку босаодат қадамҳои устувор гузоранд.

Дар замони соҳибистиқлолии кишвар ҳамасола ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашну маросимҳои милливу давлатӣ дар мамлакат бо иштироки васеи сокинон чорабиниҳое доир мегарданд, ки дар онҳо суннатҳои пурарзиши аҷдодӣ ва дастовардҳои навини замони истиқлол ба намоиш гузошта мешаванд.

Баргузории чунин ҷашну маросимҳо, пеш аз ҳама, ифодагари зиндагии осудаи сокинон, суботу оромии ҷомеа ва дӯстиву рафоқат буда, аҳаммияти санаҳои тақдирсози миллатро инъикос мекунанд.

Муҳимтар аз ҳама, паҳлӯи ҳамдигар омадани мардум ва дастаҷамъона амалӣ намудани иқдомоти нек боис мегардад, ки одамон дар иҷрои амалҳои хайр ба ҳамдигар кумак расонанд ва ба ҳамин васила дар миёни мардум дӯстиву рафоқат пойдор гардида, ваҳдату якдигарфаҳмӣ густариши бештар пайдо намояд.

Ҳамдиёрони азиз!

Таҷлили ҷашни истиқлолият ҳамчун воқеияти ҳаёт дорои аҳаммияти махсус буда, мо ин санаи бузургро беҳуда ҷашни муқаддаси миллӣ нагуфтаем.

Фазои идонаи чорабинии имрӯза низ гувоҳи он аст, ки мардуми фарҳангдӯсти пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе ҳамчун рамзи шукрона аз замони истиқлоли кишвар барои амалӣ намудани нақшаву ниятҳои ояндасози худ саъю талош менамоянд.

Ҳамоиш ё роҳпаймоии имрӯзаи сокинони пойтахти мамлакат фарогири беҳтарин суннату анъанаҳои миллии мо буда, онҳоро бо тарҳи наву хосса ва мутобиқ ба падидаҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар инъикос менамояд.

Имрӯз мо бо ифтихор иброз медорем, ки ба бахти баланди миллати тоҷик биступанҷумин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллии кулли сокинони мамлакат таҷлил шуда истодааст.

Рӯҳияи идонаи ширкаткунандагони чорабинӣ худ баёнгари ҷонибдории онҳо аз ташаббусҳои созандаи давлату Ҳукумат буда, таҷлили бошукӯҳу дастаҷамъонаи истиқлолияти давлатӣ ҳамаи моро ба хотири боз ҳам ободу зебо ва нерӯманду пешрафта сохтани давлати соҳибистиқлоламон ҳидоят месозад.

Муқаддасу бегазанд ва пойдору устувор нигоҳ доштани истиқлолият ҳамчун неъмати бебаҳои таърих вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳ ва бонангу номуси Тоҷикистон аст ва аз ҳар яки мо саъю талош, нангу номус ва ҳушёриву зиракии сиёсиро талаб мекунад.

Бигзор аз нури хуршеди истиқлолият Нишони пурҷило ва Парчами парафшони давлати соҳибихтиёри мо сарбаланд бошад ва аз шӯълаи ҳаётбахши истиқлол рӯзгори мардуми кишвар осоишу баракати тоза пайдо намояд.

Итминон дорам, ки ҳар як фарди бонангу номуси миллат бо шукрона аз сулҳу субот ба неъмати бебаҳои тақдир, яъне истиқлолияти давлатӣ арҷ мегузорад ва барои таҳкими дастовардҳои он, ободиву осудагии ҳар як гӯшаи Ватани аҷдодиамон саҳми ватандӯстонаи худро дареғ намедорад.

Бори дигар биступанҷумин солгарди истиқлолу озодии кишвари азизамонро ба тамоми сокинони мамлакат самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки онҳо бахту саодат, файзу баракат ва ба Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу субот, ваҳдати ҷовидона ва дастовардҳои бузург орзу менамоям.

Ҷашни истиқлоли миллати сарбаланд муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520