Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва оғоз ғунучини пахта дар маҳаллаи «Бахт»-и ноҳияи Зафаробод

12.09.2016 09:27, ноҳияи Зафаробод

Баъди ба истифода додани Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии «Бахт» аз ҷараёни оғози ғунучини пахта ва фаъолияти соҳаи кишоварзии ноҳия шинос шуданд.

Тавре аён гардид, дар хоҷагии деҳқонии «Бахт» ҷамъоварии ҳосили пахта тавассути мошинҳои махсуси пахтачинӣ сурат мегирад. Ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки имсол аз ҷониби хоҷагии деҳқонии «Бахт» дар майдони 10 гектар кишти пахта гузаронида шудааст ва ҳосилғундорӣ дар ин хоҷагӣ пурра бо истифода аз техникаҳои пахтачинӣ ба роҳ монда мешавад. Дар маҷмуъ дар ноҳияи Зафаробод бошад имсол хоҷагидорон дар майдони 9 ҳазору 325 гектар пумбадона кишт намудаанд, ки ҳосили қариб 300 гектари он тавассути техникаҳои махсуси пахтачинӣ ҷамъоварӣ карда мешавад.

Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки маҷмуъан кишоварзони ноҳияи Зафаробод имсол дар майдони 6 ҳазору 600 гектар ғалладонагиҳо, 8 гектар картошка, 416 гектар  сабзавот, 1 ҳазору 300 гектар полезиҳо ва 9 ҳазор гектар зироати хӯроки чорво кишт намуданд ва масоҳати умумии боғу токзор дар ноҳия бошад 976 гектарро ташкил медиҳад.

Аз рӯйи ҷамъоварӣ ва муайян кардани ҳосили интизории пахта аз тарафи мутахассисон дар назар аст, ки имсол хоҷагиҳои пахтакории ноҳия то 20 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ менамоянд ва ин нишондод нисбат ба соли гузашта 6 ҳазор тонна зиёд мебошад.

 Сипас Сарвари давлат дар намоиши дастовардҳои кишоварзони ноҳияи Зафаробод, ки дар ҳамин хоҷагӣ ташкил гардида буд, иштирок намуданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон зимни тамошои намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ба фаъолияти самарабахш ва натиҷаҳои назаррасу дастовардҳои хоҷагидорони ноҳия баҳои баланд доданд. Дар намоишгоҳ аҳли заҳмати ноҳия бештар аз 40 номгӯйи маҳсулоти кишоварзӣ аз қабили полезиҳо, ғалладонагиҳо, лубиёгиҳо, мевагиҳо, хушкмевагиҳо, маҳсулотҳои нонӣ ва асалро, ки дар хоҷагиҳои кишоварзии 5 ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия истеҳсол карда мешавад ба маъраз гузоштанд.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки маҳс бо меҳнати пайваста ва фидокорона мо метавонем ба амалишавии яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-таъмини амнияти озуқаворӣ ноил гардем ва дар ин замина сатҳи зиндагии мардуми кишвар беҳтару хубтар шавад. Тибқи иттилоъ дар ноҳияи Зафаробод 3 ҳазору 786 хоҷагиҳои кишоварзӣ мавҷуд аст, ки аз ин шумора 3 ҳазору 639 ададаш хоҷагиҳои деҳқонии инфиродии оилавӣ мебошад. Имсол дар маҷмуъ аҳли заҳмати ноҳия дар масоҳати 28 ҳазору 255 гектар кишти зироати гуногуни кишоварзӣ гузаронида аз он ҳосили дилхоҳ ба даст меоваранд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520