19 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси вилояти Суғд Қ.Қосимов телефонӣ сӯҳбат намуд.
Дар сӯҳбат сухан асосан дар бораи рафъи оқибати фалокатҳои табиӣ, ки 6-7 июни соли 2003 дар баъзе шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба амал омада буд, ҷараён гирифт.
Қосим Қосимов ба Сардори давлат дар бораи корҳои дар ин бобат анҷомдодаи мақомоти маҳаллӣ ва комиссияи ҳукуматӣ муфассал ҳисобот дод.
Президенти кишвар зимни сӯҳбат таъкид кард, ки корҳои ба нақша гирифташуда хеле муҳим буда, бояд то пурра бартараф намудани оқибатҳои фалокат давом дода шаванд.
Эмомалӣ Раҳмон ба раиси вилояти Суғд дар бобати расонидани кӯмак ба оилаҳои шахсони бар асари фалокат ҳалокгардида дастурҳои мушаххас дод. Сардори давлат таъкид кард, ки ин тадбирҳо бояд сари вақт анҷом дода шаванд.